Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
азим такмил ёфта, аз сарвари бригадаи нақбканон то устои корҳои кӯҳӣ, узви Раёсати КИМ ҲҲДТ мерасад. Ба ин шавки зиёди ӯ ба касби нақбсозӣ ва ҳисси масъулиятшиносиву масъулиятхоҳияш боис гардидааст. Ин шавқ ба дараҷае баланд аст, ки Ғиёсиддин бародарому фарзандон ва ҷиянҳояшро ба кори сохтмон ҷалб намуда, дар ин сохмони тақдирсози миллат, сулолаи нақбканонро ташкил мекунад.
Очерки мариди назар банду басти хуби мантиқӣ дорад. Нақли лаҳзаи вохӯрӣ бо аъзои бригадаи аввалини комсомолону ҷавонон дар ин нерӯгоҳ, тасвири қобилияти ташкилотчигӣ, роҳбарӣ ва маърифати сиёсии Ғиёсиддин, нанги миллӣ, талошҳои ӯ дар ҷалби ҳамдиёрон ва бародарон ба кори сохтмон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи меҳнатдӯстиву бунёдкорӣ аз рукнҳои сохтории очерк маҳсуб меёбанд, ки дар маҷмӯъ, аз як тараф, аз қобилияту маҳорати кордониву корсозии Ғиёсиддин, аз сӯйи дигар, аз мубрамияти масъалаи омодагии кадрҳои маҳаллӣ (тоҷикон) дарак медиҳад. Ин масъала, ба таъбири И. Усмонов «на танҳо барои он рӯзҳо, балки барои ҳамешагӣ ҳам мубрам» аст. Муҳтавои очерк ва хатти ҳаракати воқеаҳо хонандаро мутмаъин месозад, ки меҳнати ҳалол ва азму иродаи қавӣ касро ҳам ба мартабаҳои баланд мебардораду ҳам иззатманд мегардонад.
Очеркҳои «Садди сойи Оби Шӯр» ва «Бригадаи аввалини нақбканон» ҷанбаи қавии проблемавӣ доранд. Агар дар очерки аввал мушкилоти садди роҳи об, яъне сохтани даргот масъалаи асосӣ бошад, дар очерки дуюм мушкилоти ба кори сохтмон ҷалб намудани ҷавонони маҳаллӣ (тоҷикон) нуктаи меҳварӣ аст. Муаллиф моҳияти масъалаҳоро дуруст ва амиқ дарк намуда, роҳу василаи ҳалли онҳоро бо тасвири ҷузъиёти раванди воқеаҳо, баррасии азму ирода ва кӯшишу талошҳои қаҳрамонон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё