Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
(ҳам Ҳайрулло Сафарзода ва ҳам Ғиёсиддин Ҳоқиров дорои иродаи қавӣ буда, дар пешаи худ муборизанд) бо маҳорат ва ҳунармандии хосса нишон додааст. Хоссатан дар очерки «Садди сойи Оби Шӯр» тасвири сой, чунончи Низом Қосим дарёфтааст, «аз воқеият фаротар рафта, маънои маҷозӣ ва рамзӣ касб мекунад ва хонандаи ҳушманд дар мисоли он ҳама гуна монеъсозии ҳам табиӣ ва ҳам инсониро дар муқобили бузургу тақдирсози Нерӯгоҳи Роғун ташхис месозад ва шикастани зӯъму саркашии он тимсоли муборизаи қатъии Давлату миллати Тоҷикистон ва хусусан Пешвои миллатро дар роҳи эъмори сохтмони аср ва умуман зиндагии шоистаи имрӯзӣ таҷассум менамояд».
Миёни асарҳои марбут ба нерӯгоҳҳо очеркҳои «Оғози сохтмонро дӯст дорам» ва «Роҳи «Нурафшон» низ ҷолиб ва хонданианд. Бахусус очерки аввал, ки дар он корномаи қаҳрамони корзор, дорандаи нишони Байрақи Сурхи Меҳнат Камол Ҳамсариев бо таассуроту тахайюлоти рангини муаллиф нақл карда шудааст. Доир ба корномаи сардори бригадаи бетонрезон Камол Ҳамсариев аксарияти нависандагони публитсист, аз ҷумла Михаил Табачников, Муҳиддин Хоҷаев, Раҷаб Мардон асарҳо навиштаанд. Аммо очерки Бахтиёр Муртазо бо чанд ҷиҳат фарқ мекунад.
Якум, он бо фабулаи ҷолиб шурӯъ мешавад. Ҳини
тамошои суратҳои бинокорони варзидаи НБО-и Норак,
ки рассоми ороишгари рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») Муҳиддин
Олимпур барои чоп ба рӯйи мизи котибот мегузорад,
чашми нависанда ба акси бинокори номвари нерӯгоҳҳои
«Сарбанд»-у «Норак», сардори бригадаи машҳури
бетонрезон Камол Ҳамсариев меафтад. «Ман ба акси
ҷавонмарди нуроние диққат намудам, ки риши

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё