Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

кӯтоҳмикрозгадае дошта, ба сар кулоҳхӯд ниҳода буд ва дар рӯйи дилаш мукофоти олии даврони шӯравӣ - нишони Ленин ҷилва менамуд». Ин лаҳза боиси тавлиди ғояи таълифи очерк шудааст.

Дуюм, нависанда, ҳарчанд бо супориши сардабири рӯзномаи мазкур ва мақсади навиштани мақола ба Норак ба сафари хизматӣ меравад, аммо мулоқот бо қаҳрамони ояндаи асараш муяссар намегардад. «Камол Ҳамсариевро бинокорони яке аз нерӯгоҳҳои ҷумҳурии ҳамсоя даъват намуда буданд, то ба онҳо сабак омӯзад»

Сеюм, бо сафари нависанда ба мамлакати Афғонистон ва сабабҳои дигар ӯ бо ин қаҳрамон вохӯрда наметавонад, аммо ормонаш ором нагирифта, таҳқиқи мавзӯъро идома медиҳад.

Чаҳорум, очерк пас аз фавти қаҳрамон навишта шудааст. Муаллиф бо эҳёи хотирот, суҳбату вохӯриҳо бо
фарзандону шогирдон доир ба зиндагии «талҳу ширин»-и
ин марди меҳнат маълумот ҷамъоварӣ намуда, раванди
ташаккули хислати ӯро ҳамчун шахси заҳматпеша, меҳнатдӯст, ташкилотчӣ ва кордону коромӯз бо ҳунари волои
нависандагӣ ба тасвир мегирад. Камол Ҳамсариев саргузашти ҷолиб, вале хузнангез дорад. Дар хурдӣ бо иллати
бемории ҳасба падару модар ва бародарону хоҳаронаш
мефавтанд, ӯ ва як бародараш ятим мемонанд. Дар оғози
ҶБВ бародараш Ҷалол ба фронт даъват мешавад. Камол
танҳо мемонад ва тасодуфан усто Миршукур Умарови
самарқандӣ дар сари сероҳаи тарафи Сталинобод,
«ҳамчун Хоҷаи Хизр» бо ӯ вохӯрда раҳнамову раҳкушои
зиндагии минбаъдаи ӯ мегардад. Бо шарофати ин марди
ғамхор Камол касб меомӯзад, соҳиби ҳунар мегардад,
оила барпо мекунад. Бо шурӯи сохтмони Нерӯгоҳи барқи
обии Сарбанд аз падархондаш дуо хоста, бо розигии ӯ
дар ин ҷо ба сифати бетонрез ба кор қабул мешавад. Кор

пешина
аз 216
навбатӣ