Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

дар ин нерӯгоҳ ва баъдтар дар нерӯгоҳҳои Нораку Роғун тақдири ӯро дигар мекунад, зиндагӣ ва кору пайқорашро ибратомӯз ва худашро соҳибэҳтиром мегардонад....

Дар ин очерк ду образ якдигарро пурра мекунанд. Миршукур баёнгари одамони хайрхоҳ ва инсондӯст аст, ки ба сахтиҳои зиндагии он солҳо нигоҳ накарда, як навраси бекасу кӯйро ба хонааш меорад ва дар қатори чор писараш парасторӣ мекунад. Камол ифодагари ҷавонони некирода, қадрдон, заҳматпеша ва хушзеҳн аст, ки ба сахтиҳои зиндагӣ тоб оварда, рагу пайвандашон бо кор шах шудааст ва дар омӯхтани касбу кор завқи зиёд доранд.

Нависанда дар намои чеҳраи ин қаҳрамонҳо заҳмати эҷодӣ кашида, пайванди мантиқӣ ва инсонии хислатҳои онҳоро қавӣ ва ҳикматангез гардонидааст. Вақте подоши заҳматҳои Камол бо нишони Ленин сарфароз гардонида мешавад, ӯ онро назди усто Миршукур ниҳода мегӯяд:

«— Падари азиз, ин нишон ба шумо низ тааллуқ дорад. Сари ятими кулро сила намуда, ба вай роҳнамоӣ кардан ҳам корнамоист».

Агар дар таълифи очеркҳои «Вопасин умеди растагорӣ», «Рисолати беназири таърихӣ» ва «Оғози барномаи давлатсозӣ» нигоранда ба сифати фарди фаъоли иҷтимоӣ ба воқеаҳо муносибат намуда, ангезаҳои онҳоро бо музокираҳои публитситӣ ба тасвир гирифта бошад, дар силсилаи асарҳои ба нерӯгоҳҳо бахшидашуда, ӯ ҳамчун мутахассиси соҳаи сохтмон, нерӯгоҳшинос ва муҳандис нақш мебозад. Чунин муносибат ва нақш боис гардида, ки раванди бунёдкориву созандагиҳо дар нерӯгоҳҳои кишвар, бахусус НБО-и Роғун ба таври воқеӣ, аммо ҳунармандона бо фаро гирифтани вижагиҳо ва нозукиҳои кору амали қаҳрамонон ба тасвир гирифта шавад. Қаҳрамонони чунин очеркҳо шахсони дорои касбу кори

пешина
аз 216
навбатӣ