Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

соли 2013 баргузор шудааст, ба ин очерк ҳамчун фабула ҳусни оғоз мебахшад. Дар ин мулоқот Сардори бригадаи аввалин Ғиёсиддин Сангалиевич Хокироев низ иштирок ва суханронӣ менамояд. Аз ҷумла ӯ бо ифтихор изҳор медорад, ки ҳамкоронаш ба қавлу ваъда вафо карда, душвориҳоро сарбаландона паси сар намуда, касбу ҳунарҳои бароишон тамоман нави накбканӣ, бетонрезӣ, пармагарӣ, сементасионӣ, таркишгарӣ ва амсоли инро омӯхтанд.

Пас аз ин саҳнаи руҷӯй, суҳбати нависанда ба Ғиёсиддин Хокироев оғоз меёбад ва ба ин минвол хонанда аз зиндагиномаи ӯ шинос мегардад. Иштироки Ғиёсиддин ҳамчун вакил дар Конференсияи комсомолии ноҳияи Файзобод, ки соли 1983 баргузор гардид, раванди зиндагиашро дигар мекунад. Суханронии муҳандиси сохтмони Нерӯгоҳи Роғун Шулга доир ба ҷалб нашудани ҷавонони маҳаллӣ ба сохтмон, ки тезу тунд ва кинояомез сурат мегирад, ба Ғиёсиддин сахт таъсир мекунад. Бахусус сухани Шулга - «Наход, ки тоҷикписарони дилу гурдадор набошанд» ба таъбири нависанда «мағзи сари ӯро фаро гирифт» ва саволҳои зиёде дар сараш пайдо шуданд. Дар андешаи посух ба чунин саволҳо фикри ташкили бригадаи ҷавонон ҳосил мешавад.

Ҷамъ овардани аъзои бригада, ба расмият даровардани фаъолияти он, ҳавасмандгардонии коргарҷавонон,
ташкили шароити нағзи кор, таъмин бо хобгоҳ, маоши
хуб, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати накбканӣ, пармагарӣ,
таркишгарӣ, бетонрезӣ, кафшергарӣ, дар шакли ройгон
ба касбомӯзӣ ҷалб намудани аъзои бригада ва амсоли ин
хатти ҳаракат ва доманаи воқеаҳои очеркро вусъат
бахшида, дар маҷмӯъ аз ташаккули қобилияти хуби
ташкилӣ, раҳбарӣ ва коромӯзиву кордонии Ғиёсиддин
дарак медиҳанд. Симои Ғиёсиддин дар муҳити ин сохтмони

пешина
аз 216
навбатӣ