Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Роғун ба фаъолият оғоз намудани Хайрулло Сафарзодаро хеле батафсил инъикос намудааст.
Хайрулло Сафарзода роҳбари қолабшикан аст, усули хоси сарварӣ ва коргузорӣ дорад, коргаронро ба хубу бад ҷудо намекунад, мехоҳад онҳо аз кори ҳамдигар воқиф бошанд, аз таҷрибаи ҳамдигар омӯзанд. Ӯ худшиносу худогоҳ аст, ҳисси баланди миллӣ дорад, аз тобеин талаб мекунад, ки тамоми муомилоту муросилоти таҳрирӣ, гуфтугузори шифоҳӣ байни ҳамкорон бояд ҳатман ба забони ноби давлатӣ сурат гирад, доир ба корҳои иҷрошуда иттилооти саҳеҳ пешниҳод гардад, пешниҳодҳои аҳли кор аввал аз тарафи роҳбар пазируфта, баъди баррасӣ қарори саҳеҳ бароварда шавад. Чунин муносибати нек ва сухану амали ошкорои ӯ кормандони ин нерӯгоҳро хурсанд намуда, сарҷамъии онҳоро мустаҳкамтар мегардонад.
Ин силсилаи очеркҳо ҷанбаи пуркуввати таҳқиқиву таҳлилӣ доранд. Муаллиф натанҳо ба тавсифи чеҳраи воқеии қаҳрамони асосӣ кӯшидааст, балки вазъи мураккаби оғози кори сохтмон, мушкилоту монеаҳо ва кӯшишу талошҳои ӯро дар ташкили дурусти кор, харидану овардани таҷҳизот аз кишварҳои гуногун ва амсоли инро бо назари таҳқиқӣ ва ҳунари нависандагӣ ба тавсир кашидааст.
Дар очерки дигари ин силсила «Бригадаи аввалини накбканон» масъалаи ба корҳои ин сохтмони азим ҷалб намудани ҷавонони маҳаллӣ, бахусус ҷавонони деҳоти Файзобод таҳқиқи бадеиву публитсистӣ шудааст. Очеркро аз нигоҳи сохтор ба чор бахш метавон ҷудо кард: оғоз, муаррифии ташкилкунандаи бригардаи аввалини накбкании комсомолону ҷавонон, корномаи ин бригада ва хулоса. Мулоқоти Директори генералии ЧСК НБО Роғун Сафарзода Хайрулло Амиралӣ бо аъзои бригадаи аввалини накбкании комсомолону ҷавонон дар сохтмони ин нерӯгоҳ аст, ки дар арафи Соли нав, 17-уми декабри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё