Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
ТаърихМаърифатҶомеа
Аз аввал хондан- Ин ҷавон бригадаи бетонрезӣ ташкил карданист, - гуфт сардор, - ман ташаббуси ӯро табрик менамоям. Бисёр хуб аст, ки ҷавонони ҳамин мулку макон бо хоҳиши худ омаданд, то ба сохтмони нерӯгоҳ мададгорӣ кунанд. Онҳоро ҳаматарафа дастгирӣ намудан зарур аст. Дар ин бобат агар ягон масъалаи чигил ба миён ояд, маро огоҳ намоед.
Аввал аъзои бригадаи бетонрезии Камол Ҳамсариев иборат аз даҳ нафар буданд. Аксари онҳо ҷавонони Қӯрғонтеппа ва рустои гирду атрофро ташкил менамуданд.
Биноан бо Камол шиносӣ доштанд ва ба ин ваҷҳ бо онҳо муомила кардан барои Аш мушкилоте надошт. Пас аз ду-се рӯз теъдоди ҳамкорон ба шонздаҳ нафар расид, баъзеҳо усули бетоншӯрӣ, бетонрезӣ ва дигар анвои амал намудан бо ин маҳсулоти сохтмониро намедонистанд. Бинобар ин Камол баъд аз кор аъзои бригадаро дар утоке ҷамъ карда, бо онон машварат намуд.
- Гумон накунед, ки шуморо баъд аз кор дар ин ҷо
нигоҳ дошта, худам ба минбар мебарояму бароитон панду
насиҳати бисёр мехонам, - гуфт Камол оромона, - не, ин
хел не. Мо аъзои як бригада гӯё фарзандони як падару модарем, ба ҳамдигар бародар ҳастем. Бинобар ин бо маслиҳати якдигар кор карданамон зарур аст. Чунки ба зиммаи
бригадаи мо вазифаи ҳаҷман ниҳоят калон гузошта
шудааст. Тамоми роҳҳои гирду атрофро бояд бетонпӯш
намоем. Ҳамчунин баъзе қисматҳои сарбандро низ бетонрезӣ карданамон даркор аст. Албатта, мо аз бисёрии кор
наметарсем, муаммо дар дигар чиз аст. Тавре ки ман
мушоҳида намудам, баъзе ҳамкорони мо дар шаҳр зиндагӣ карда, ҳатто лой хобонидану девор заданро ҳам намедонистаанд. Аз надонистани ин шарм кардан лозим
нест. Шукр, дар байни мо устодони ин кор ҳастанд. Аз пагоҳ сар карда, баъд аз кор дар майдончаи тамрин машғулият мегузаронем. Ин тамрин барои омӯхтани қоидаҳои
аввалияи бетонрезӣ зарур аст. Баъзеҳо хаёл доранд, ки бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё