Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Дар чидани дандони санги осиёб дасти Камол нағз мечаспад, мегуфт усто Миршукурбобо. Ва ҳар гоҳ ки аз кори идораи роҳсозии шаҳр фориг гардид, дарҳол Камолро ба чидани дандони санги осиёб даъват менамуд. Ӯ дар ин кор аз чор писарони худ дида ба Камол бештар эътимод дошт. Табиати одамӣ ҳамин аст, Камол қабл аз он ки писархонди ин марди ҳунар гардад, ятими кул буд. Ва ӯ ботинан ба худ қавлу қарор дод, ки тамоми ҳунари ин марди солеҳро омӯзад. Зеро дар оянда ягона тӯшаи рӯзгораш ҳамин ҳунарҳо хоҳанд шуд. Камол боре аз устобобо шунида буд: «кор кун, пас такя бар Ҷаббор кун!» Биноан ӯ ҳар амру супориши падархондашро бо сифати сара анҷом медод ва ба ин роҳ тамоми ҳунари ӯро аз бар менамуд. Ва Худованд ба ин ятими кул ақли расо ва зеҳни бурро ато карда буд.

Камол азм дошт, ки бо заҳмати худ ба сохтмони Нерӯгоҳи Сарбанд бештар манфиатрӯсон бошад. Бо ҳамин ният ба қабулгоҳи роҳбари ин сохтмон Михаил Григорович Карнос омад.

  • Ҷавони нағз, бо кадом масъала ба назди ман омадӣ? — пурсид сардор.

  • Муҳтарам сардор, мехоҳам, ки бригадаи бетонрезони худро ташкил намоям, - ҷавоб дод Камол.

  • Худат ҳуҷҷати бетонрезӣ дорӣ? — боз савол дод сардор.

  • Албатта, якчанд сол дар идораи роҳсозии шаҳри Кӯрғонтеппа дар вазифаҳои бетонрез ва сардори бригада кор кардаам, - оромона посух гуфт Камол, - Мана, ҳуҷҷатам.

Михаил Григорович ҳуҷҷатро муоина карда, қаноатманд шуд. Сонӣ тавассути котиба муовинашро даъват намуд. Муовини сардор, ки муҳандиси маҳаллӣ будааст, дарҳол ҳозир шуд.

пешина
аз 216
навбатӣ