Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҳар ки бо аҳди худ вафо накунад,
Нашавад дўструю донишманд!
Саъдии Шерозӣ
Вафодорӣ куну миннатшиносӣ,
Ки бадфарҷомӣ орад носипосӣ.
Саъдии Шерозӣ
Аҳд нобастан аз он беҳ, ки бибандию напоӣ.
Саъдии Шерозӣ
Майли касе кун, ки валоят кунад,
Ҷон сипари тири балоят кунад.
Хусрави Деҳлавӣ
Ҳар ки дар мазраъи дил тухми вафо сабз накард, Зардрўӣ кашад аз ҳосили худ гоҳи дарав.
Ҳофизи Шерозӣ
То тавонӣ, дили ушшоқ ба даст орӣ беҳ,
Ҷониби ёри вафодор нигаҳ дорӣ беҳ.
Камоли Хуҷандӣ
Макун ваъда, вагар кардӣ, вафо кун,
Тариқи бевафоиро раҳо кун!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Нашояд ҳар замон ёре гирифтан,
Зи ёрон ҳар дам озоре гирифтан.
Гуле, к-ў ҳар замон бошад ба ҷое,
Намеояд аз ў бўи вафое.
Гулистони ҷамолу гулшани рўй
Бувад беобуранг аз гармии хўй.
Бадриддин Ҳилолӣ
Ёре, ки дар ў вафо набинӣ,
З-ў чашм бибанд, то набинӣ.
Дар мавсими айш ёр бояд,
Бе ёр ҷаҳон чӣ кор ояд?!
Бадриддин Ҳилолӣ
Суҳбати он кас, ки ба сидқу сафост,
Домани ў гир, к-аз аҳли вафост.
Аз уҳдаи аҳд агар бурун ояд мард,
Аз ҳар чи гумон барӣ, фузун ояд мард.
Мангар ту бад-он, ки зўфунун ояд мард,
Дар аҳд нигоҳ кун, ки чун ояд мард.
Ё магў он чи менахоҳӣ кард,
Ё вафо кун бад-он чӣ мегўӣ.
Вафоро нигаҳ дору сарро бидеҳ
Диле, ки ба вафо равад, ба ҷафо наравад.
Ҳеч хиёнат бадтар аз бевафоӣ нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё