Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Кинахоҳӣ равиши эҳсон нест,
Ҳар ки эҳсон накунад, инсон нест.
Машав аз варзиши беэҳсонӣ
Хориҷ аз доираи инсонӣ!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Паст шав, паст, то баланд шавӣ,
Баҳра бифкан, ки баҳраманд шавӣ.
Дона аввал фитод паст ба хок,
Баъд аз он сар кашид бар афлок.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Гар уруҷи нафс хоҳӣ, боли ҳиммат баркушой, К-он чи дар парвоз дорад эътибор, аввал пар аст!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Тавозуъ кун, ки ёбӣ арҷмандӣ,
Фурўтан шав, ки бинӣ сарбаландӣ!
Бадриддин Ҳилолӣ

Карам бар халқ ҷуз сарфи дирам нест,
Дирам аз дасти бадхўён карам нест.
Абдулқодири Бедил

Эй оинахў, зи сина софӣ магзор,
Аз таври вафои табъ вофӣ магзор!
Як бор зи ҳар ки дида бошӣ эҳсон,
То зиндаӣ, аз саъй талофӣ магзор!
Абдулқодири Бедил

Ҳар ки аз гуфтори худ бошад малул,
Қавли ўро дигаре накнад қабул.
Фаридуддини Аттор

Бегона вафо кунад, беҳ аз хеши ман аст.
Саъдии Шерозӣ

пешина
аз 331
навбатӣ