Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

IV. ХИСЛАТҲОИ БАДИ ИНСОНӢ

  1. БАДӢ КАРДАН

Макун бад ба кас, гар нахоҳӣ ба худ!
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ

Макун бад, ки бинӣ ба фарҷом бад,
Зи бад гардад андар ҷаҳон ном бад.
Нагирад туро даст ҷуз некувӣ,
Гар аз марди доно сухан бишнавӣ.
Ҳар он кас, ки андешаи бад кунад,
Ба фарҷом бад бо тани худ кунад.
Ҷаҳонро набояд супурдан ба бад,
Ки бадкешро, бегумон, бад расад.
Абулқосими Фирдавсӣ

Магард эҷ гуна ба гирди бадӣ,
Ба некӣ биёрой, агар бихрадӣ!
Абулқосими Фирдавсӣ

Ту тухми бадӣ, то тавонӣ, макор,
Чу корӣ, барат бад диҳад рўзгор.
Абулқосими Фирдавсӣ

Зи бад кардан омад ба ҳосил зиён,
Агар бад кунӣ, ғам барӣ аз миён.
Абулқосими Фирдавсӣ

Ки ҳарчанд бад кардан осон бувад,
Ба фарҷом аз ў дил ҳаросон бувад.
Абулқосими Фирдавсӣ

Ту подош бо некувӣ бад кунӣ,
Чунон дон, ки бад бо тани худ кунӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ

пешина
аз 331
навбатӣ