Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба дил андар андешаи бад мадор,
Бадандешро бад бувад рўзгор.
Абулқосими Фирдавсӣ

Макун бад бо касею бад маяндеш,
Куҷо чун бад кунӣ, бад оядат пеш.
Фахриддини Гургонӣ

Бадӣ гарчи кардан тавон бо касе,
Чу некӣ кунӣ, беҳтар ояд басе.
Асадии Тўсӣ

Макун бад, ки чун бад туро кор буд,
Пушаймонӣ аз пас надорад-т суд!
Асадии Тўсӣ

Чу бад хоҳӣ ба кас, аз ғам бикоҳӣ,
Набинӣ ҳеч бад, гар некхоҳӣ.
Носири Хусрав

Берўйӣ агар ба рўи касе орӣ,
Бешак, ба рўят ояд берўйӣ!
Носири Хусрав

Бадӣ мори гурза-ст, аз ў дур бош,
Ки бад бадтар аз мори гурза газад!
Носири Хусрав
Доно накашад сар аз мукофот,
Бадкарда бадӣ кашад ба поён.
Носири Хусрав

Ки бардаранд сагон, ҳар киро нагардад саг,
Лагад зананд харон, ҳар киро набошад хар.
Маъсуди Саъди Салмон

Ҳар ки бадкорӣ кунад, ногаҳ ниҳад бар хок сар,
Ҳар ки бадаҳдӣ кунад, ногаҳ диҳад бар бод ҷон!
Абдулмалики Муиззӣ

пешина
аз 331
навбатӣ