Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Бадхоҳи касон ҳеч ба мақсад нарасад,
Ў як накунад, то ба худаш сад нарасад!
Умари Хайём
Бад бад аст, арчи некдон бошад,
Саг саг аст, арчи посбон бошад.
Абдулмаҷди Саноӣ
Ҳар ки ў баддил асту бадкор аст,
Гарчи зинда-ст, кам зи мурдор аст.
Абдулмаҷди Саноӣ
Бо баду нек вақти доду ситад
Накунад ҳеч нек ҳаргиз бад.
Абдулмаҷди Саноӣ
Ҳар бад, ки ба худ намеписандӣ,
Бо кас макун, эй бародари ман!
Гар модари хеш дўст дорӣ,
Дашном мадеҳ ба модари ман!
Саъдии Шерозӣ
Ҳар чи бар нафси худ напсандӣ,
Низ бар нафси дигаре мапсанд!
Саъдии Шерозӣ
Бадандеши мардум ба ҷуз бад надид,
Бияфтоду оҷизтар аз худ надид.
Саъдии Шерозӣ
Бадандешро лафз ширин мабин,
Ки мумкин бувад заҳр дар ангабин.
Саъдии Шерозӣ
Чу бад кардӣ, машав эмин зи бадгўй,
Ки бадро кас нахоҳад гуфт некўй!
Саъдии Шерозӣ
Макун бад, ки бад бинӣ аз ёри нек,
Нарўяд зи тухми бадӣ бори нек.
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё