Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҳар ки ў мард бувад, бок надорад зи ғаме,
Ҳар ки ў шер бувад, маст нагардад зи табе.
Абдулмаҷди Саноӣ
Лофи сарпанҷагию даъвии мардӣ бигзор,
Оҷизи нафси фурўмоя, чӣ мардӣ, чӣ занӣ.
Гарат аз даст барояд, даҳане ширин кун,
Мардӣ он нест, ки муште бизанӣ бар даҳане.
Саъдии Шерозӣ
Мардӣ на ба қувват асту шамшерзанӣ,
Он аст, ки ҷавре, ки тавонӣ, накунӣ.
Саъдии Шерозӣ
Ҳар ки фарёдраси рўзи мусибат хоҳад,
Гў: «Дар айёми саломат ба ҷавонмардӣ кўш!»
Саъдии Шерозӣ
Мард бояд, ки дар кашокаши даҳр
Санги зерини осиё бошад.
Саъдии Шерозӣ
Мардӣ на ин аст, ки ҳамла оварад, мардӣ он аст, ки дар вақти хашм худро ба ҷой бидорад ва пой аз ҳадди инсоф берун наниҳад.
Саъдии Шерозӣ
Ҷавонмардӣ ба даст омўз худро,
Ки назди ҳамгинон миқдор ёбӣ.
Ба дасти дод бояд шуд ҷавонмард,
Ҷавонмарди забон бисёр ёбӣ!
Хусрави Деҳлавӣ
Таҷриба кардам зи ҳар андешае,
Нест накўтар зи сахо пешае.
Хусрави Деҳлавӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё