Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Он ки кори некмардон мекунад, Бо заифон лутфу эҳсон мекунад.
Ҳар киро одат шавад ҷуду карам, Дар миёни халқ гардад муҳтарам.
Гар тавозуъ пеша гирӣ, эй ҷавон, Дўст дорандат ҳама халқи ҷаҳон.
Тавозуъ медиҳад аз рўшноӣ
Басе бегонагонро ошноӣ.
Тавозуъ пешаи бузургон аст ва такаббур шеваи фурўмоягон.
Саховат дар зиёд додан нест, дар бамавқеъ додан аст.
Инсон бандаи эҳсон аст.
Эҳсони хасис – достони хасис.
- МАРДӢ ВА ҶАВОНМАРДӢ
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кўру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ!
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ
На мардӣ бувад хира ошўфтан,
Базерандаровардаро кўфтан.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҷавонмардию ростӣ пеша кун,
Ҳама некувӣ - андар андеша кун!
Абулқосими Фирдавсӣ
Мардон надоранд мардӣ нуҳуфт.
Абулқосими Фирдавсӣ
Нагардад ҷавонмард пархошҷўй.
Абулқосими Фирдавсӣ
Мард ба ҳунар ном гирад.
Абулфазли Байҳақӣ
Агар хоҳӣ, ки бартар аз мардумон бошӣ, фарохнону намак бош!
Унсурулмаолии Кайковус
Агар хоҳӣ тамоммард бошӣ, он чи ба худ написандӣ, ба дигарон маписанд!
Унсурулмаолии Кайковус
Саховат пеша кун ту аз каму беш, К-аз он бегонагон гарданд чун хеш.
Носири Хусрав
Ҷавонмардӣ саодатро далел аст,
Зи ҳар кас ин сифат н-ояд, бахил аст.
Носири Хусрав
Зи хони дигарон бахшиш ба ҳад кун,
Ҷавонмардӣ зи хону нони худ кун!
Носири Хусрав
Макрамат кун, ки бигзарад ҳама чиз,
Макрамат пойдор дар дунёст.
Масъуди Саъди Салмон
Мард бояд, ки айби худ бинад,
Ба раҳи зўру ғайба наншинад.
Ту агар айби худ ҳамедонӣ,
Наӣ аз ома, бал ҷаҳонбонӣ!
Абдулмаҷди Саноӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё