Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Касеро, ки мардӣ бувад андаке,
Агар сад кунад, з-он нагўяд яке.
Хусрави Деҳлавӣ

Ҷавонмардо, ҷавонмардӣ биёмўз
Зи мардони ҷаҳон мардӣ биёмўз!
Дарун аз кини кинҷўён нигаҳ дор,
Забон аз таъни бадгўён нигаҳ дор!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҷавонмардӣ ду чиз аст, эй ҷавонмард,
Бигўям, гўш неҳ, то гўямат рост:
Яке он, к-аз рафиқон даргузорӣ,
Агар як лаҳза бинӣ сад каму кост.
Дувум он, к-аз ту н-ояд ҳеч гоҳе,
Чунон коре, ки бояд узри он хост.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ба симу зар ҷавонмардӣ тавон кард,
Хуш он кас, к-ў ҷавонмардӣ ба ҷон кард.
Ба ҷон чун эҳтиёҷи ёр бишнохт,
Ҳаёти худ фидои ҷони ў сохт.
Абдураҳмони Ҷомӣ

На ба мансаб бувад баландии мард,
Балки мансаб шавад ба мард баланд.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Қимати мард на аз симу зар аст,
Қимати мард ба қадри ҳунар аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Бода пур хўрдану ҳушёр нишастан саҳл аст,
Гар ба давлат бирасӣ, маст нагардӣ, мардӣ!
Соиби Табрезӣ

пешина
аз 331
навбатӣ