Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҳарфе, ки ниҳӣ, ба ростӣ неҳ,
К-аз ҳар ҳунар аст ростӣ беҳ!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Аз каҷӣ афтӣ ба каму костӣ,
Аз ҳама ғам растӣ, агар ростӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Аз каҷ чӣ эътибор, агар каҷ намудаанд?
Бар рост чист таъна, агар рост гуфтаанд?
Абдураҳмони Ҷомӣ
Дил агар сидқписанд аст,
Бар ҳама халқ баланд аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҳамеша росткорон растагоранд,
Ки ғайр аз ростӣ коре надоранд.
Бадриддин Ҳилолӣ
Ба роҳи рост рав, то метавон рафт.
Бадриддин Ҳилолӣ
Росте гў, ки бошадаш нафъе,
Зараре гар расад, кунад дафъе.
Ба сухан то тавон наёрӣ рўй,
Ва гар орӣ, ба ғайри рост магўй!
Камолиддини Биноӣ
Гар шудӣ рост, аз бало ҷастӣ,
Масал аст ин, ки «ростӣ–растӣ».
Камолиддини Биноӣ
Ростонро баду бало нарасад,
Марди каҷрав ба ҳеҷ ҷо нарасад.
Камолиддини Биноӣ
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.
Сайидои Насафӣ
Сарв меояд ба истиқболаш аз боғи мурод,
Ростиро ҳар ки месозад асои хештан.
Сайидои Насафӣ
Ростӣ кун, ки ба манзил нарасад каҷрафтор!
Зайниддини Восифӣ
Он бувад марди ростгору карим,
Ки карам бар ҷавону пир кунад.
Накунад пил разм бо пашша,
Шер ҳам раҳм бар фақир кунад.
Аҳмади Дониш
Ту дар кори худ ростӣ бар ба кор, Ки ҳам раста гардиву ҳам растагор.
Дам аз ростӣ гар занӣ субҳвор, Зи торикии ҷаҳл гирӣ канор.
Ҷуз ҳадиси рост бо мардум магў, То нагардад оби рўят оби ҷў.
Ростии хеш ниҳон кас накард, Бар сухани рост зиён кас накард.
Ҳар даме, ки бигзарад, лахте аз зиндагонии туст; он лаҳзаро ҷуз барои растагории худ ба кор мабанд!
Инсон аз кадом амал маҳбуби дилҳо шавад? Аз ростмуомилагӣ ва шукуфтарўӣ.
Дасти иродат дар домани риндони покиза занед, то растагор шавед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё