Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Наҷот дар ростӣ аст ва ҳалокат дар дурўғ.


Зи ҳарфи ҳақ нашавад ранҷа марди донишвар.


Агар дурўғ мераҳонад, рост раҳонандатар аст.


Биё, каҷ бинишинему рост гўем!


Хонаам коза бошаду дилам тоза.


Ростӣ раҳоӣ бахшаду дурўғ хорӣ орад.


Роҳи ростро хатар нест, каҷрав ҳамеша дар хатар аст.


Онро, ки ҳисоб пок аст, аз муҳосиба чӣ бок аст?


Раҳи рост бирав, агарчи дур аст.


Ростгўро ҳамеша роҳат дар пеш аст.


Растагорӣ дар ростист.


Аз рост наранҷанд.


Ростиро завол нест.

  1. ҲАЛИМӢ, ХОКСОРӢ ВА НАРМӢ

Шикебоӣ андар ҳама корҳо
Беҳ аз шўшаи зар ба харворҳо.
Абўшакури Балхӣ

Шикебоӣ андар дили танг неҳ,
Шикебоӣ аз ганҷи бисёр беҳ.
Абўшакури Балхӣ
Ба нармӣ чу гардан ниҳад рўзгор,
Дуруштию гармӣ наёяд ба кор.
Абўшакури Балхӣ

Ба нармӣ барорад басе чиз мард,
Ки он барнаёяд ба ҷангу набард.
Абўшакури Балхӣ

Ба ҳар кор чарбӣ бибояд нахуст,
Набояд ба оғоз пайкор ҷуст.
Абулқосими Фирдавсӣ

Фурўтан бошед, то бисёрдўст бошед.
Унсурулмаолии Кайковус

Ҳам аз нармӣ басе дил ром гардад,
Зи тундӣ пухтаҳо бас хом гардад.
Носири Хусрав

Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад,
Камоли одамӣ дар илм бошад.
Носири Хусрав

Ба нармӣ гар сухан ронӣ, ҳамерон,
Ки аз тезӣ ба ранҷ ояд дилу ҷон.
Носири Хусрав

Теғи ҳилм аз теғи оҳан тезтар,
Бал зи сад лашкар зафарангезтар.
Ҷалолиддини Румӣ

Фурўтан бувад ҳушманди газин,
Ниҳад шохи пурмева сар бар замин.
Саъдии Шерозӣ

Чун ба нармӣ тамом гардад кор,
Роҳи тундӣ чаро касе сипарад?
Хусрави Деҳлавӣ

пешина
аз 331
навбатӣ