Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ростӣ кун, ки ростон растанд,
Дар ҷаҳон ростон қавидастанд.
Росткорон баландном шаванд,
Каҷравон нимпухту хом шаванд.
Рукниддини Авҳадӣ
Суханро зеваре чун ростӣ нест,
Ҷамоли Маҳ ба ҷуз нокостӣ нест.
Аз он субҳи нахустин бефурўғ аст,
Ки лофи равшанӣ аз вай дурўғ аст.
Ба санъат гар биёроӣ дурўғе,
Нагирад з-он чароғи вай фурўғе.
Рухи гулгунаро гулгуна бояд,
Ки аз гулгуна гулрангӣ фазояд.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Якдилу якҷиҳату якрў бош
В-аз дурўёни ҷаҳон яксў бош!
Аз каҷӣ хезад, ҳар ҷо халалест,
«Ростӣ-растӣ!» чӣ некў масалест.
Рост ҷў, рост нигар, рост гузин,
Рост гў, рост шунав, рост нишин!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Агар з-он, ки гўйӣ сухан, рост гўй,
Ба ҷуз ростӣ зевари он маҷўй!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Даруну бурунро ба ҳам рост соз,
Зи каҷбоз беҳтар бувад ростбоз.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Рост рав, рост, ки сарвар бошӣ,
Дар ҳисоб аз ҳама бартар бошӣ!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё