Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ростӣ кун, ки андар ин раста
Нашавӣ ҷуз ба ростӣ раста!
Нақши каж маҳв кун зи тахтаи дил,
То шавад кашф бар ту ҳар мушкил.
Абдулмаҷди Саноӣ

Ҳеҷ каҷ ҳеҷ рост напзирад,
Рост каҷро ба рост баргирад.
Абдулмаҷди Саноӣ

Дар каҷи ман макун ба айб нигоҳ,
Ту зи ман роҳи рост рафтан хоҳ!
Абулмаҷди Саноӣ

Рост бошу мадор аз кас бим.
Абдулмаҷди Саноӣ

Найшакар аз ростӣ он нўш ёфт,
Аз каҷӣ гул хор дар оғўш ёфт.
Низомии Ганҷавӣ

Ба роҳи рост тавонӣ расид дар мақсуд,
Ту рост бош, ки ҳар давлате, ки ҳаст, турост.
Саъдии Шерозӣ

Напечад сар аз ростӣ ҳушманд,
Ки аз ростӣ ном гардад баланд.
Саъдии Шерозӣ

Мазан дам ба ҷуз ростӣ зинҳор,
Ки дорад фазилат ямин бар ясор.
Саъдии Шерозӣ

Дило, гар кунӣ ростӣ ихтиёр,
Шавад халқи дунё туро дўстдор.
Саъдии Шерозӣ
Ки дар гулбуни ростӣ хор нест,
Беҳ аз ростӣ дар ҷаҳон кор нест.
Саъдии Шерозӣ

Зи норостӣ нест коре батар,
К-аз ў номи некў шавад бесамар.
Саъдии Шерозӣ

Агар по барнадорӣ аз раҳи сидқ,
Сар аз гардуни гардон барфарозӣ.
Саъдии Шерозӣ

Ба сидқу иродат миён баста дор,
Зи томоту даъво забон баста дор!
Саъдии Шерозӣ

Ту пок бошу мадор аз кас, эй бародар, бок,
Зананд ҷомаи нопок козурон бар санг.
Саъдии Шерозӣ

Кас надидам, ки гум шуд аз раҳи рост.
Саъдии Шерозӣ

Ба ростгўӣ маъруф шав, агар вақте
Дурўғе аз ту равад, ҷумла рост хонандаш.
На дар дурўғзанӣ шуҳра шав, ки дар ҳама ҷо
Агарчи рост бигўӣ, дурўғ донандаш.
Хусрави Деҳлавӣ

Агар хоҳӣ накў бошӣ, накў бош,
Ҳамеша росткору ростгў бош!
Хусрави Деҳлавӣ

То ту бошӣ, зи ростӣ магзар,
Макаш аз хатти росткорон сар!
Ростӣ варзу растагорӣ бин,
Ёр шав халқрову ёрӣ бин!
Рукниддини Авҳадӣ

пешина
аз 331
навбатӣ