Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Чу бо ростӣ бошию мардумӣ,
Набинӣ ҷуз аз хубию хуррамӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳар он кас, ки бо ту нагўяд дуруст,
Чунон дон, ки ў душмани ҷони туст.
Абулқосими Фирдавсӣ
Раҳи растагорӣ зи деви палид
Ба кирдори хубӣ наёяд падид.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳақ гўй, агарчи талх бошад.
Унсурулмаолии Кайковус
Барояд коми дил, чун дил бувад рост.
Фахриддини Гургонӣ
Киро нест дар дўстӣ ростӣ,
Бияфшон ту аз гарди ў остӣ!
Асадии Тўсӣ
Дилатро рост кун, гар росткорӣ,
Ки ҳаст аз росткорӣ растагорӣ!
Носири Хусрав
Ростӣ шуғли некбахтон аст,
Ҳар киро ҳаст , некбахт он аст.
Дил зи баҳри чӣ дар кажӣ бастӣ?
Ростӣ пеша кун, зи ғам растӣ!
Гар кажиро шақоват аст асар,
Ростиро саодат аст самар.
Ҳар ки ў пеша ростӣ дорад,
Нақди маънӣ дар остӣ дорад.
То дар ин риштае, ки маскани туст,
Нафас ар каҷрав аст, душмани туст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё