Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ДАРРАНДАИ БАДКИРДОР

Бадкирдор будани гургро ҳама хуб медонанд. Вақтҳое мешавад, ки гург гургро мехӯрад ва аз ин сабаб «гург бо гург ошной надорад» мегӯянд. Гург макру ҳила ҳам дорад. Хусусан гурги мода хеле айёр мешавад. Агар гӯсфанд ба дасташ афтад, соате бо вай бозӣ карда, онро ба худ ром мекунад. Сонӣ худи гург пеш-пешу гӯсфанд аз қафояш рафтан мегирад. Аз ин ҷост, ки мегӯянд: «фалонӣ гӯсфанд барин аҳл аст». Аммо ин аҳлии гӯсфанд бо саҳлӣ анҷом намеёбад. Гург дар мисоли гӯсфанд чӣ тавр кушта хӯрдани бузу гӯсфандонро ба бачаҳояш ёд медиҳад.

Гург маркабро ҳам бо думаш зада пеш меандозад ва ба хонааш гирифта мебарад. Дар он ҷо, дар ҳузури бачаҳояш чӣ тавр ва аз куҷои маркаб канда-канда гирифтани гӯштро намоиш медиҳад. Ман ҳамаи инро хуб медонистам, аммо ба бачагонаш ёд додани дуздиро ҳаргиз надида будам. Боре дидани ин кори гург ба ман муяссар гардид. Тобистони ҳамон сол гургҳо аҳолии деҳаро тамоман ба танг оварданд. Шабе набуд, ки ба ин ва ё он ҳавлӣ гурге даромада буз ё гӯсфандеро гирифта набарад. Ман тамоми шаб поида

пешина
аз 349
навбатӣ