Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

Падарам дар рӯзи дигар бо кори заруре ба деҳаи ҳамсоя, ки аз мо тақрибан 13-15 километр дуртар буда, дар байни кӯҳҳои сар ба фалак печида воқеъ гардидааст, рафта танҳо шабона зогро сар доданд. Лекин фардо зогро боз дар ҳавлии худамон дида ҳама тааҷҷуб кардем. Вай ба лаби ҷӯйча рафта об хӯрд, баъд ба куҷое парвоз карда рафт.

Аз байни камтар вақт нагузашта, зоғ боз парвоз карда омад. Дар нӯли вай як кулӯла ресмон буд. «Эҳ, агар дуздӣ намекард, чӣ хел хуб буд. Он вақт вайро ба ҳеҷ кас намедодам», - аз дил гузарондам. Зоғ ресмонро дар байни шохҳои зичи дарахти тут, ки дар миёнаҷои ҳавлиамон қомат рост кардааст, пинҳон намуд ва баъд ба замин омада нишаст. Ман ҳарчанд аз ӯ: «Ин чӣ кори кардагият-а?» гӯён мепурсидам, аҳамияте намедод ва монандӣ саги бӯйгир ба ин тарафу он тараф рафта, ҳар чизро нӯл зада медид.

Зоғ аз рӯи ҳавлӣ ким-чӣ ёфта, нав ба дарахт нишастанӣ буд, ки боше монанди тир парвоз карда омада, ӯро ба чанголҳояш гирифт ва ҳамон лаҳза аз назар ғоиб шуд.

Дузд ҷазояшро дид.

пешина
аз 349
навбатӣ