Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

менишастам ва танҳо бо дамидани субҳ сарамро ба болин мегузоштам. Як шаб хеле монда шуда будам. Қарибии сафед шудани рӯз, акнун хоб меравам гуфтаму ба ҷоғаҳ дароз кашидам. Зуҳ ғанабам бурд, лекин дақиқае чанд нагузашта, маоси бузро шунида аз ҷоғаҳ чолокона хестам. Ба назди бузҳо омада, ба чор тарафи ҳавлӣ чашм давондам. Ҳеҷ чиз дида намешуд, лекин ҳаминаш тааҷҷубовар буд, ки як таккачаи сиёҳакак, ки бо ресмони борик ба мех баста шуда буд, ба чашм наменамуд. Дар ҳамин вақт аз ҳавлии ҳамсоя садои милтиқи панҷтира шунида шуд. Намедонистам, ки дар як дам таккача куҷо шуд ва дар ҳавлии ҳамсоя чӣ воқеа рӯй дод, бинобар ин зуд ба ҳавлии онҳо шитофтам. Ҳамсояамон ва зану фарзандонаш дар рӯи ҳавлӣ ҷамъ омада буданд. Дар пеши пои онҳо таккачаи буғӣ карда кушташуда ва гурги навакак тир хӯрда мурда мехобид. Маълум гардид, ки гург барои ба бачаҳояш омӯхтани дуздӣ онҳоро дар сари девор монда, худаш эҳтиёткорона ба ҳавлӣ даромадааст. Ҳамин ки ман сарамро ба болин гузоштаам, оҳиста ба назди бузҳо омада, аз ҳама хурдтарини онҳо — таккачаро интихоб кардааст. Вай тавре аз гулӯи таккача газида гирифтааст, ки тамоман овоз бароварда натавонад.

пешина
аз 349
навбатӣ