Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хонданДере нагузашта Ҳалиму Сурайё дар кӯча гапзанон сӯи мактаб мерафтанд, ки аз қафо овози Надим шунида шуд:
- Генерал меомадааст, генерал! - Ба Ҳалиму Сурайё баробар шуда суханашро давом дод: - Ман гуфта будам-ку, Усмонзода одами машҳур аст. Генерал назди ӯ меомадааст-а!
- Хайр-дия, - гуфт Сурайё ва суханони модарашро такрор кард:
- Обрӯи мо, обрӯи мактаб...
- Обрӯи шумо не, обрӯи мо! Вай ба шумо таълим намедиҳад, ба мо таълим медиҳад, - гуфт Надим бо забони дароз ва аз Ҳалиму Сурайё пеш гузашта, давида сӯи мактаб рафт.
- Базӯр бо баҳои «ду»-ю «се» мехонаду боз забондарозӣ мекунад, - гуфт Сурайё. - Як бор шунидам, ки падараш ба падарам мегуфт: - «Писарам нағз мехонад - зеҳнаш тез, ақлаш расо... Муаллимаш ҳам устоди соҳибмаълумот, таҷрибанок - маълумоташ аз маълумоти Нозимова баланд... Агар ба Сурайё тайёр кардани дарсҳо мушкилӣ кунад, гӯед, назди Надим, хонаи мо ояд. Вай, албатта, ёрӣ медиҳад». «Ба хонандаи аълочӣ ёрӣ намедиҳанд, - ҷавоб доданд падарам хандида. - Сурайё фақат бо баҳои «5» мехонад». «Рост? - гуфт тааҷҷуб карда Бозоров. - Надими ман барин зеҳнаш бурроу доно гӯед...»
- Баъд фаҳмидам, ки писарашро хуб таъна кардааст.
- Падараш ҳам худаш барин бо муҳобот, - гуфт Ҳалим. - Барои маълумотҳои дурӯғ доданаш аз вазифаи директорӣ холӣ кардаанд.
- Ту инро аз кӣ фаҳмидӣ?
- Падарам гуфтанд, - ҷавоб дод Ҳалим. - Охир, он кас дар заводи механикӣ устои баст шуда кор мекунанд.
- Надим нусхаи худи Бозоров, мегӯянд падарам, ки рост аст, - гуфт Сурайё. - Забондарозии ӯро дидӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё