Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

чашм ба Сурайё, ки абрӯ чин карда, аз рӯи коса сар намебардошт ва хӯрок мехӯрд, нигоҳ карда гирифт.

  • Чӣ, боз ҷанг кардед? - пурсид Нозгул аз Надим ва ба духтараш муроҷиат кард. - Чаро хомӯшӣ, Сурайё? Сурайё ҳанӯз сар набардошта буд, ки Надим аз хона баромад.
  • Канӣ, гап зан, Сурайё, боз ба шумо чӣ шуд?
  • Айби худаш, айби ман не, - ҷавоб дод Сурайё.
  • Нозимоваро куҳансол, бесавод гуфт, ба нафақа мебаровард, гуфт...
  • Агар даҳонаш бекор монда бошад, гуфтан гирад, ҷанг кардан нағз не.
  • Ман ҷанг накардам, фақат ба гапаш гап ҷавоб додам. Ман медонам, ки Нозимова муаллимаи хеле хуб...
    Ба хона писарбачаи фарбеҳаки зардинае даромад ва Сурайё гапашро тамом накарда монд. Писарбача ҳамсинфи Сурайё буд ва Ҳалим ном дошт.
  • Ба мактаби мо генерал меояд, бояд ҳамаамон дар он ҷо ҳозир бошем, - гуфт Ҳалим. - Тезтар либосҳои мактабиатро пӯш, ҳамроҳ ба мактаб меравем.
  • Генерал меомадааст! - гуфт хурсандона Сурайё аз ҷояш ҷаҳида хеста, вале аз фикри он, ки эҳтимол генерал муаллими Надим - Усмонзодаро шиносад ва аз қаҳрамониҳои ӯ дар ҷангҳои зидди фашистон ҳикоят кунад, ба ҷояш нишаста монд. «Ана он гоҳ Надим ба ман тамоман роҳи гузар намедиҳад, - мегуфт Сурайё ба худаш, - бе ин ҳам калонигарӣ мекард, лекин пас аз ин вохӯрӣ...»
  • Эҳтимол, генерал ӯшиноси Усмонзода бошад, охир вай қаҳрамон-ку, - гуфт Сурайё, вале аз хусуси он, ки ин вохӯрӣ ба Надими шилкин дастак мешавад ва дар кору нодаркор ӯро масхара кардан мегирад, гап назад.
  • Агар шинос бошад, боз хубтар, - гуфт Нозгул, - обрӯи мактаб, обрӯи шумо... Хез, зудтар либосатро пӯш!
  • Ҳозир, - гуфт Сурайё ва хеста ба хонаи дарун рафт.
пешина
аз 349
навбатӣ