Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Дарёб, ки тифлони туро аз ту чӣ монад?
Девору дару ҳотаи пурмеваи тар хун.
Эй мағзи ту дар даҳони берун,
Гўши ту шуда забони берун.
Рўи ту харитаи бурун шуд,
Раҳ мебарадат ҷаҳони берун.
Чун ҷон ба тани ҷаҳон дарун рез,
Чун ҷон бадар о зи ҷони берун.
Дил бурдану дил надодан омад,
Омодаи имтиҳони берун.
Ин расми қабули нонавиштаст
Дар ҳукми нишасти хони берун.
Эй кўҳнатар аз ҷаҳони фонӣ,
В-эй тозатар аз мани замонӣ,
Чун тифл гирифтамат сари даст.
Дар бозии шўхи зиндагонӣ,
Ман завқ ба бозии ту бурдам,
Ту умр ба бозиам ситонӣ.
ДАР ХАЙМАИ ХАЙЁМ
(БА 950-СОЛАГИИ ҲАКИМ)
Эй бехабарони рўҳи рўяндаи хеш,
Дар хонаи зулматед пўяндаи хеш.
Аз мурдаи торикии худ бигрезед,
Ёбед зиёи зинда ҷўяндаи хеш.
Хомўш! Ки мекунад фалак кор хамўш,
Бингар ба Замин чӣ сон фалакро шуда гўш,
Обастани меҳри осмон мегардад,
Мезояду медиҳад ғизояш, ки биҷўш.
Чун Айранавайҷост зуҳури одам,
Пайдост чаро доманаш умрест ба нам,
Тифлон ба ҷаҳон рафта, ба сад дин сари ҳам,
Хўрданд чунон, ки номи ў шуд зи рақам.
Ғарб асту чу таншинос дар чархи барин,
Моему ба рўҳ дидану нақши Замин.
Аз дидани тан, ту гўӣ, ў рўҳ шудаст,
Мо тан шуда дар талоши рўҳи фалакин.
Дар суд ба ҷони илм агар дарнигарам,
Зебо бишавад чу Ҳафтпайкар назарам.
Гар илм, зи кўриам, нашуд тоҷи сарам,
Афсўс хўрам, магассифат умр барам.
То тан бадар омада зи майхонаи дил,
Гардида ҷаҳон чаман чу афсонаи дил.
Тан Каъба гирифту дил шуд андар тани ў,
Арши фалакам расиду шуд лонаи дил.
Эҳсос, ки шуд тифли ғаши тездамам,
Бозичаи дил намонд аз каф як дам.
Пошид зи май ба роҳаш обу бификанд,
Бардошт хирад ба гўшмолаш чу қадам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё