Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бо чангзанӣ нашуд фарочанг
Беноз занест зиндагонӣ.
Вом аз ту гирифт ҳусни олам,
Зебо баданест зиндагонӣ
Сабзондани кундаи нажод аст,
Не кундаканест зиндагонӣ.
Зиндонкунии дилу ҷаҳон чист?
Зиндоншиканест зиндагонӣ.
Не модару не падар шиносад,
Фарзанди данест зиндагонӣ.
Бар гурдайи мову чашм бар дур,
Сўе заданист зиндагонӣ.
Ҷонаш ҳама ишқу меравад маст,
Бесў ватанест зиндагонӣ.
Аз пул ба гул аст такяаш беш,
Худрў чаманест зиндагонӣ.

БА ТЕРРОРИСТ

Эй чашми ту хун, дасти ту хун, мағзи ту дар хун,
В-эй ҷоми ту хун, номи ту хун, коми ту бар хун.
Эй боми ту хун, шоми ту хун, хун ҳама умрат,
В-эй хони ту хун, нони ту хун, косаи зар хун.
Дар батни ҷаҳон чанд ҷанинвор бимонад,
Моро Ватану халқу ҳавасҳои саҳар хун.
Дандони палангина халидан ба ҷигар чанд?
Эй хушкҷигар аз ту ватанрост ҷигар хун,
Пиндори ту, гуфтори ту, кирдори ту хун аст,
Пайғамбари ту, миллати ту, мому падар хун,
Ин хок ҳамон хок к-аз он нури назар хост,
То дар ду ҷаҳон нур шиносӣ, на магар хун,
Ҳамдардии ту ҳарфи сафедест сияҳрў,
Борон ба замин, барфи ту дар тораки сар хун,
Байроқи сари дасти ту бошад табари ту,
Сарлашкари ваҳдаткуши таррори табархун.

пешина
аз 186
навбатӣ