Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз дасти мо назад рў муште ба қоши кина,
Бо мушти чонаи сулҳ хўрдем коши миллат,
Аз думравӣ туӣ дум, аз хумдавӣ манам хум,
Бар хумбу дум занад бод пушти маоши миллат,
Дар ту на Тури Сино дар ман на нури боло,
Бе Туру нури якҷо додем оши миллат.
Ту дузду ман қарахчӣ, аз чорсў малахчин,
Гўё намонда ин ҷо ғайр аз қалоши миллат.


Дар ҳарду ҷаҳон дафтару девони туемо,
Ҳар хат, ки занӣ зан ғазали ҷони туемо,
Пеши ту гунаҳ бар сари хон пой ниҳодан,
Чун пой ниҳӣ бар сари мо, хони туемо.
Кӣ дид ки аз нур чакад шарми арақҷўш
Гулбоғи саҳарнозаи ҳайрони туе мо.
Не ҷон, мазаи бўсаи ту боли тапиш дод
Дар ҷомаи садранг зи пинҳони туемо.
Девонаву масти бағали масти муҳаббат,
Рўшантарак аз рўз шабафшони туемо.


Он ишқи ошиқдузди мо дуздӣ ҳувайдо мекунад, Минбар ба минбар мениҳад савдо тамошо мекунад.
Толорҳо ояд ба ҷўш, бозорҳо гирад хурўш Он дузди моли нофурўш бозии савдо мекунад.
Аз баҳри чашми масти худ пардозадам бо дасти худ Боло шавам аз пасти худ ин чарх боло мекунад.
Ҳар гаҳ харидоре ба ҷон ояд ба молаш ҷонфишон
– Ин моли дуздӣ, – гуфта ў он нарх расво мекунад.


Сарҷўи биҳишт аст ба паҳлўи Душанбе,
Маст аст биҳишти фалак аз бўи Душанбе.
Ҳар духтари тоҷик яке Ардивисур аст,
Бонуи малак меравад аз кўи Душанбе.

пешина
аз 186
навбатӣ