Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
«Гул, ки савора мерасад» бўса савори гул кунам,
Пой лаби пиёдасўз омада дашти доманат.
Сўи ту киштварзи ҷон чашми ман асту дашти дил,
Бо нигаҳе шиёр зан, нур дарав зи кишти дил.
Духтари ишқ шишта дар чодари сина розҷў,
Розкаши ҷаҳонталаб пардаи хуну рашти дил
Ғурбати рўзгори ҷон хонд ба гўши ту азон.
То шунавӣ ту шевани ғурбати Зардуҳишти дил,
Бар лаби хеш бўса зан, шири биҳишт об гўй
Бод лабат лабони ман, то бичашӣ биҳишти дил.
Барраи ширбози лаб дар бағали ту мечарад
Масту ба частухез бод пушта ба пушта кишти дил.
Боз фарёди ҷунун меояд аз ғавғои дил,
Раҳбаре ку то намояд роҳи нопайдои дил.
Устод Халилӣ
Войи сар, ки раҳзане шуд аз пайи раҳпойи дил,
Балхи Бомӣ талхи Шомӣ хўрд аз ҳайҳойи дил.
Нур гавҳар буду гавҳар нуру мезойид нур,
То ба гил омехт гавҳар гашт шайтонзойи дил
Ломаконро дил макон буд, дил биёбонноз шуд,
Ломаконро хў биёбонист пушти пойи дил,
Регро бар сар ниҳам ҷойи фари Фаррохкарт,
Гирдбодам тоҷвар аз фир-фири фарсойи дил
Нурҷўён нурпарвозанд паҳлўи Худо,
Дар замин худхора чун дил монд худпаймойи дил.
Ту дар хароши миллат ман дар талоши миллат,
Шуд мутталошӣ охир ҳар буду боши миллат.
Ту чаҳканиву дар чаҳ, ман меҳзаневу бе маҳ
Аз чоҳу маҳ набурдем ҷуз хун ба доши миллат,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё