Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Арзи майзада

Туро то ҳалқи худ нӯшам, арақҷон,
Зи туғёни ту бихрӯшам, арақҷон.
Сипас, туфлии чапро ҳини мастӣ
Ба пои ростам пӯшам, арақҷон.

Ту бошӣ бахти бедорам, арақҷон,
Ту бошӣ авҷи бозорам, арақҷон.
Агар рӯзе нанӯшам обакатро,
Гулӯро борҳо хорам, арақҷон.

Туӣ ҷону манам ҷононаи ту,
Туӣ мурғу манам чун донаи ту.
Миёни мардумон гардида қисса,
Туӣ Лайлӣ, манам Девонаи ту.

Ту будӣ душманам, ёрӣ накардӣ,
Ҷафо кардӣ, вафодорӣ накардӣ.
«Ману ту қӯшапир гардем» гуфтем,
Ба роҳи ишқ подорӣ накардӣ.

Туро дар хоб дидам, ёд кардам,
Зи хобам хестам, фарёд кардам.
Нигаҳ кардам, ки паҳлӯям набудӣ,
Ба сар хоки ғаматро бод кардам.

Ба бӯят масту ҳушёрам, арақҷон,
Туро бо ҷон харидорам, арақҷон.
Агар рӯзе набошад пул ба ҷайбам,
Гадоӣ дар ба дар дорам, арақҷон.

Ҳавобаланд

Марди ҳавобаланде Гуфто ба атрофиён:
—Чанги тани хӯҷаин Хоҳам таконам осон.

Шунида таърифашро
Ҳайрону мот мондем.
Сано бигуфта ӯро,
Рустами сонӣ хондем.

Аммо дина бидидем:
Рустами овозадор,
Либоси хӯҷаинро
Тоза мекард аз ғубор.

Забондон

Ба автобус даромад як забондон,
Ба курсие варо афтод чашмон.
Ки сар то пои курсӣ пур буд аз ном:
Салему Бовиру Толеку Биҳром.
Забондон оташин шуд аз чунин ҳол,
Зи ҷайбаш кард берун корд дарҳол.
Намуд ислоҳи ҳар як номи мардум,
Вале ислоҳи худро кард ӯ гум.

Моро чӣ шуд?!

Қавме ки худшинос аст,
Бо он кунад тафохур.
Мо чӣ? Агар бипурсанд,
Бо беадабӣ машҳур.

пешина
аз 118
навбатӣ