Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Гуфт Матин дар ҷавоб:
—Ӯ марди қиссасоз аст.
Бе дуд раҳ нагардад,
Додом теплавоз аст.
Дузд
Чашмро чун дӯхтам бар офтоб,
Зардрангаш дидаму гуфтам:
Бояд ӯро дод бар пулис,
Ӯ хазон аз чеҳраам дуздидааст.
Лек андешидаму баргаштам аз раъй,
Гарчи пулис ҳаст бисёр,
Сахт душвор аст
Ёфтан як шахси холис.
Танз
Зи бепулӣ
Даҳанканда бихандад раҳ ба раҳ
Бар ҳоли ман туфлӣ.
Раҳматӣ
Рафт умри ӯ ба шеъру ҳеҷ кас раҳмат нагуфт,
Бо хаёли раҳмат охир мешавад ӯ раҳматӣ.
Донишқимоб
Донишҷӯ ба дарс рафтанӣ нест,
Ҳолаш чӣ бигум, гуфтанӣ нест.
Не дафтару не китоб дар даст,
Афсӯс, қарори кӯфтанӣ нест.
Як сол ба дарс агар наомад,
Декан пайи пош рӯфтанӣ нест.
Мардаки райпо
Дидаам ман бар дару девори райпо мардаке,
Хилъати ҳиндӣ ба тан машғули савдо мардаке.
Аз ало-було нигаҳҳояш бишуд бар ман аён:
Лозим ояд мекунад сад шӯру ғавғо мардаке.
Одамиро одаме ҳаргиз нағӯяд дар чаҳон,
Гӯиё дар байни мардум ҳаст доно мардаке.
Бор карда дар «Жигули»-аш барад хонумчае,
Бисту сӣ дорад ба худ маъшуқи шайдо мардаке.
Аз муҳандисҳо набошад мисли вай лоиҳакаш,
Растае кардаст аз дандони тилло мардаке.
Аз лашулуш карда пур кошонаашро лаббалаб,
Фахр дорад, ки бувад имрӯз доро мардаке.
Коняки ереванӣ нӯшад маҳу соли тамом,
Кай кунад парвои ҳар шампону вино мардаке.
Нархи сарборӣ бимонад ӯ ба ҳар молу матоъ,
Чун наҳанге мекашад бар ком дунё мардаке.
Савлаташро танк бардорад, миёнаш бишканад,
Роҳгардӣ мекунад чун мурғи парпо мардаке.
Тарсу бим аз офтоби ҳақ надорад заррае,
Баски дорад сояи ғафсе ба боло мардаке.
Паҳлавон
Монанди Шодӣ-паҳлавон
Дар кӯчаи мо зӯр не.
Дипломдоре ҳамчу ӯ
Аз зӯриаш мағрур не.
Дирӯз андар гӯштин
Шуд он каси беобрӯ.
Аз зӯри «экстраи чил»
Афтод дар мобайни ҷӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё