Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Дар ҳилаву макру фанд
Мо надорем устухон.
Дар ҳақ/қ/и мардумхӯрӣ
Ҳар якамон чемпион.
Агарчи мо мусулмон,
Куфру имон надонем.
Нарху навои бозор
То бар само расонем.
Дорем ҳар чӣ имрӯз,
Хоҳем, ҳар чӣ ёбем.
Гӯӣ, ки ту диле ёб,
Аз ин сухан қимобем.
Носкаш
(Аз забони завҷааш)
Ман намедонам чаро ин шавҳарам шуд носкаш,
Байни ёрон аз чӣ гардид ин қадар ифлоскаш.
Вақти сӯҳбат аз даҳонаш нос ҳар сӯ мепарад,
Сурати дандони ӯ бошад сияҳ мисли ҳабаш.
Ман намебинам зи дасти нос ҳаргиз тозагӣ,
Лаззати умрам бишуд барбоди ин сон зиндагӣ.
Не либосу не гилему не палосам тоза аст,
Назди меҳмон аз хиҷолат мекашам шармандагӣ.
Ҳар гаҳе ояд агар бар шавҳари ман кайфи нос,
Мекашад носу кунад туф зери қолину палос.
Бар димоғам мерасад бӯи ғализу талху тез,
Ман намедонам аз ин мардак чӣ сон гардам халос?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё