Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шабе аз шуълаи чашмони мастат
Нахуст омӯхтам афрӯхтанро.
Маро дар оташи ишқат чунон сӯз,
Ки донад устухонам сӯхтанро.

Чу дарё беқарорӣ гар, ташаккур,
Чу шоҳин бурдборӣ гар, ташаккур.
Барои ҳифзи хоки ин диёрат
Чу аскар пос дорӣ гар, ташаккур.

Ҷавонам, орзуҳоям ҷавон аст,
Ки бошам шуълаи чашми сиёҳе.
Ба бедардон нагӯям дарди худро,
Зи нокасҳо наҷӯям ошноӣ.

Нахоҳам дид ман нодиданатро,
Басе дурӣ зи ман бигзиданатро.
Бихоҳам чун насими навбаҳорон
Ба чанги хеш гирам доманатро.

Баҳорон бошаду гулҳо шукуфон,
Табиат тозарӯ мисли арӯсон.
Канорат бӯстони дилкушое,
Ду рухсорат гули уммеду армон.

Ба рӯи ҳайкали гумном аскар
Сараш хам беди маҷнун баргрезон.
Чу модар ашкрезон аст гӯё
Ба ёди аскари дар ҷанг қурбон.

Ба ҳифзат, эй Ватан, омода ҳастам,
Ба сангу хори ту дилдода ҳастам.
Набуд озодиям, гар ту набудӣ,
Ту ҳастӣ, ки чунин озода ҳастам.

пешина
аз 118
навбатӣ