Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Ба ёди дӯстдорам сӯзам имшаб,
Чароғи ишқи худ афрӯзам имшаб.
Само, ки ахтаристонест, бар он
Ба уммеде нигоҳам дӯзам имшаб.
Чу дарё беқарорӣ, эй дил, эй дил,
Хамӯшие надорӣ, эй дил, эй дил.
Ҳамекӯбӣ дари кошонаатро
Чу мушти обдоре, эй дил, эй дил.
Ба сина шодию ташвиш дорем,
Мисоли рӯд ҷӯши беш дорем.
Барои ёри ҷонӣ нӯши доим,
Барои хасми малъун неш дорем.
Ҷаҳони бекароне дорӣ, эй дил,
Навои дилситоне дорӣ, эй дил.
Зи анфоси баҳори тозаи ишқ
Замини гулфишоне дорӣ, эй дил.
Ман аз ишқи ту зору нотавонам,
Ҳазорон захмҳо бошад ба ҷонам.
Ҳазорон корро тадбир бошад,
Вале тадбири ишқатро надонам.
На шаъну шӯҳрати Доро парастам,
На молу давлати дунё парастам.
Агар хоҳӣ шунидан арзу розам,
Нишоту сулҳи мардумро парастам.
Ватан, субҳи ҳаёти мо туӣ, ту,
Ватан, кохи суботи мо туӣ, ту.
Дар оғӯшат кунад гул нахли ханда,
Ватан, боғи нишоти мо туӣ, ту.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё