Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чи сӯзу созҳо дорад дили ман,
Чи рангу борҳо андар гили ман.
Гаҳе дил бишканандам, гаҳ навозанд,
Чи бурду бохтҳо дар маҳфили ман.

Бидон як умр ҳадди хеш, эй дил,
Азизонро макун дилреш, эй дил.
Агар берун равӣ аз роҳи ёрӣ,
Ба поят мехалад сад неш, эй дил.

Зи ҳазёнпораҳо дурр суфтанам беҳ,
Пайи пои бадонро рӯфтанам беҳ.
Касе занҷири ваҳдатро ҷудо кард,
Сараш бо гурзи қонун кӯфтанам беҳ.

Ҳавои кӯҳсорӣ, эй сурудам,
Навои обшорӣ, эй сурудам.

Фазои беғуборӣ, эй сурудам,
Садои рӯзгорӣ, эй сурудам.

Агарчи дар назар дарёст ором,
Вале андар ниҳодаш печутоб аст.
Зи ҷонбозии мавҷаш дарк кардам,
Даруни синааш сад инқилоб аст.

Туӣ дарвозаи бахту муродам,
Туӣ дарёи лабрези нишотам.
Маро додӣ ҳаёти шуълаафрӯз,
Туӣ истораи роҳи ҳаётам.

Шуои шамси тобон бештар бод,
Вафои дилбари ҷон бештар бод.
Бувад то даҳрро файзу сахое,
Сахои марди деҳқон бештар бод!

пешина
аз 118
навбатӣ