Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳар бағалвокардане оғӯши гарми дӯст нест,
Шӯра аз по афканад девори дар оғӯшро.


Кас нагирад дасти ман дар зиндагонӣ, бок нест,
Хомаи ман дастгирам бод то поёни умр.


Зарбаҳои зиндагӣ охир ғурури мо шикаст,
Об дар пастӣ фарояд, нарм ҷорӣ мешавад.


Тифл бе модар асири лашкари ғам мешавад,
Барг агар аз шох афтад, поймолаш мекунанд.


Зард шуд рухсораат аз хоксориҳои ту,
Ханҷаре дар хок уфтад, оқибат зангаш занад.


Мард чун комил бигардад, шӯҳраташ боло шавад,
Баъди ҷасти тир овози камон пайдо шавад.


Дар ҳисори зиндагӣ парвоз омӯзад дилам,
Кирми пилла дар қафас болу паре пайдо кунад.


Мард бояд пухта гардад дар алови зиндагӣ,
Оби ноҷӯшида нӯшидан зиён меоварад.


Пухтаам, кай мекунад бар ман асар санги рақиб,
Хишти пухта мекунад бардошт зарби жоларо.


Бар муроди дил расидем аз талоши зиндагӣ,
Рӯди лойолуд соф аз шӯру исён мешавад.


Зардии рухсори мо ҳаргиз нишони аҷз нест,
Сайри гардун менамояд офтоби зардранг.


Рӯ ба пастӣ кардаӣ, хоҳам нигаҳ дорам туро,
Доштан душвор бошад дар нишебӣ шахсро.

пешина
аз 118
навбатӣ