Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Маро дар республика ҳама медонад. Туро кӣ мешиносад? (М. Наҷмиддинов, Дарё маҷрои нав меҷӯяд). Ту мехоҳӣ ҳаёти маро аз ман бигирӣ? Дер мондӣ! Ҳаёти ман кайҳо ба ашзорам, ба китобҳоям гузаштааст, ту аз ман чӣ мегирӣ?! (С. Улуғзода, Қисмати шоир).

Саволҳои риторӣ ҳамчун ҷавоби инкории савол низ истифода мешаванд. Ба ин вазифа ҷумлаҳои «Кӣ медонад?», «Чӣ медонам!» серистъмол ва маъмул мебошанд:

— Шумо вайро медонед? — гӯён ӯ ба бойбобояш рӯй овард.

— Кӣ медонад, монандӣ ана ин пойлучҳо ягон худобехабар будагист-дия, — ҷавоб дод ӯ... (Р. Ҷалил, Шӯроб).

— Рӯз бевақт шуд, аз Некқадам ва Гулфом ҳанӯз дарак нест. Некқадам-ку ҳоло бача, аммо ба ин Гулфом чӣ шуд?

— Ман чӣ донам?

— Ӯй одам! Аз ту мепурсам, ба онҳо чӣ шуда бошад мегӯям?

— Ман намедонам, ман чӣ донам, гуфтам-ку (С. Айнӣ, Куллиёт).

Дар забони тоҷикӣ ҷумлаҳои соддае низ ҳастанд, ки хабарашон дар шакли инкор омада бошад ҳам, маънои инкор надоранд. Ин гуна ҷумлаҳои содда одатан тафсилӣ мешаванд ва дар таркиби онҳо ҷонишини саволии чӣ ба маънои ғайрисаволӣ, ҳамчун муайянкунандаи исми ҷамъ воқеъ мегардад:

Чӣ зарарҳое ки ба мардум намерасанд, чӣ офатҳое ки намеоваранд (С. Улуғзода, Ривояти суғдӣ). Кас чӣ воқеаҳо, чӣ одат ва анъанаҳоеро намедидааст (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Ман ҳам дар синни ту дар сарам чӣ воқеаҳое, дар дилам чӣ ҳавою ҳавасҳое ки надоштам (С. Улуғзода, Ривояти суғдӣ).

АЗЪОҲОИ ҶУМЛА

Мубтадо ва хабар аъзоҳои муҳимтарин ва асосии ҷумла ба шумор мераванд. Ба воситаи онҳо ҷумлаи соддаи хулласи дутаркиба ва хелҳои дигари ҷумлаҳои содда ба вуҷуд меояд ва моҳияти ҳар гуна ҷумлаи содда ба ҳамин ду аъзо вобаста аст. Аз ин ҷост, ки мубтадо ва хабар сараъзоҳои ҷумла номида мешаванд.

Мубтадо сараъзои мустақили ҷумла мебошад. Хабар тобеи мубтадо буда, онро аз ягон ҷиҳат шарҳ медиҳад.

Мубтадо ва хабар ба якдигар алоқаи зич доранд. Ҳамаи аъзоҳои пайрави ҷумла ба ҳамин ду сараъзо тобеъ ва вобаста шуда меоянд.

пешина
аз 312
навбатӣ