Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

аст. Ин ҳолат асосан дар назм мушоҳида мешавад, ки албатта ба талаби вазну қофияи он вобаста мебошад:

Диламро ин қадар мафшор, охир,
На сурбин асту не рӯин дили ман.

(А. Лоҳутӣ, Асарҳои мунтахаб)

Не шиква зи чарху на зи бедоди ту дорам...

(Неъматхони Олӣ, Чамани андеша)

Не ҳуриву не малак, на одам, на парӣ,
Худ гу, ки чӣ ҷинсию чӣ ном аст туро?

(Шоҳин, Ашъори мунтахаб)

На аз меҳнат, на аз кулфат накоҳад,
Натарсад не зи гармо, не зи сармо.

(Ҳабиб Юсуфӣ, Роҳи нотамом)

Ифодаи инкор дар ҷумлаҳои саволӣ бо як махсусияти худ фарқ мекунад: маълум аст, ки ҷумлаҳои саволӣ хоҳ дар шакли тасдиқ оянд ва хоҳ дар шакли инкор, ҷавоб талаб менамоянд. Аммо ҷумлаҳои саволие ҳастанд, ки ҷавоб талаб намекунанд, саволи онҳо бо интонатсияи махсус, ба таври риторикӣ ифода мешавад. Ин гуна ҷумлаҳо шаклан ғайриинкорӣ намоянд ҳам, моҳиятан инкорӣ мебошанд. Барои ифодаи маънои инкории ҷумлаҳои саволии риторикӣ интонатсия, воҳидҳои луғавӣ, ки бо онҳо хабар ифода шудааст, муносибати аъзоҳои ҷумла, вазъияти нутқ ва матн ёрӣ мерасонанд. Ҷумлаҳои саволии риторикӣ одатан бо калимаҳои саволӣ меоянд ва вобаста ба маънои луғавии онҳо тобишҳои дигари модалиро ҳам ифода мекунанд. Дар ҷумлаҳои саволии риторикӣ инкор ба таври махсуси ҳиссиву эҳсосотӣ ифода мешавад:

Шунидан кай бувад монанди дидан (Зарб). Касе аз некӣ осебе надидааст, Кадомин бори қаҷ ҷое расидаст? (А. Шукӯҳӣ, Чормағз). Макун бовар суханҳои шунида, Шунида кай бувад монанди дида! (Зарб.) Аз ман мепурсед, ки ман Анварро дӯст медорам ё не. Ман ба ғайр аз шумо каси дигареро надида бошам, чӣ тавр дӯст медорам?! (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).

Саволи ин навъ ҷумлаҳо рамзӣ, рӯйпӯш буда, ҷавоб талаб намекунад, дар онҳо инкори фикр ва ҳукм дар шакли савол ифода мешавад. Саволи риторикӣ ҳамчун воситаи услубии ифодаи образноки нутқи бадеӣ истифода мегардад. Саволҳои риторикӣ гуногунанд. Дар ҷумлаҳои саволӣ инкор ба таври киноя, тааҷҷубу ҳайрат, норозӣгӣ, нописандӣ, таънаву маломат, истеҳзо, шубҳа, таассуф ва ғайра ифода мешавад:

пешина
аз 312
навбатӣ