Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

инкорро комилан ифода мекунад ва хабарҳо морфемаи инкорӣ қабул намекунанд:

Ин на достон аст, на очерк аст, на муболиға (С. Айнӣ, Куллиёт). Манзараҳои ҳузувари он на дар дидаи бино менишаст, на дар ақли солиме ҷой мегирифт (Ф. Муҳаммадиев, Палараи кунчакӣ). Ман, ростӣ, на розӣ шуданамро медонистам, на барои рад кардани таклиф далели мантиқдори эътимодноке оварда тавонистам (Ф. Муҳаммадиев, Палараи кунчакӣ). Касе на талаб мекунад, на маслиҳат медиҳад (Ф. Муҳаммадиев, Палараи кунчакӣ).

Дар ин гуна ҷумлаҳо аз хабарҳои якхела ва ё феълҳои ёридиҳанда гоҳо дуюми ихтисор мешавад ва ҳиссачаи инкорӣ бо аъзои тобеи он хабар меояд:

Дар ин ҷо ғайр аз чор-панҷ чанори кӯҳансол на хиёбоне диданд ва на ягон майдони ободе (Ф. Ниёзӣ, Ҳар беша гумон мабар, ки холист). Онҳо на зар доштанд, на зӯр (Ӯ. Кӯҳзод, Як рӯзи дароз). Дарего, ки на фикр дорем, на ҳаё, на орзу дорем, на омол (Ӯ. Кӯҳзод, Як рӯзи дароз). Не дар дег меистад, не дар кафлез (зарб).

Ҳангоми бо дигар аъзоҳои чидаи ҷумла такрор омадани ҳиссачаи инкории на хабар дар шакли инкор меояд, ки таъкиди инкор пурқувваттар мегардад:

...ба фаҳмидани ин гуна ҳисобиҳо на ақли ман ва на ақли ту намерасид (С. Айнӣ, Куллиёт). Гӯё на таклиф, на савол ба гӯшам надаромада буд (Ф. Муҳаммадиев, Палараи кунчакӣ). На вай, на янгаам як тин харҷ кардани намемонанд (Ф. Муҳаммадиев, Палараи кунчакӣ). На комбат ва на комиссар аз хатти пеш як қадам қафо намегаштанд (Ф. Ниёзӣ, Ҳар беша...). Аммо Хӯҷаназарбой... на дар вақти кишту кор, на дар вақти ҳишова ва на дар вақти чинак ба роши пахта қадам намондааст (С. Айнӣ, Куллиёт).

Дар таркиби як ҷумлаи содда аъзоҳои гуногуни ҷумла ҷуфт-ҷуфт ё гурӯҳ-гурӯҳ ба тарзи чида омада метавонанд, ки бо ҳамаи онҳо такрор омадани ҳиссачаи инкории на мумкин аст:

Ягон нафар духтар ё зан на дар ФЗУ ва на дар сари дастгоҳ, на аз муаллим ва на аз устоён рӯ пинҳон намекунанд (Р. Ҷалил, Маъвои дил).

Агар ҳиссачаи инкории на бо аъзоҳои гуногуни ҷумла такрор ояд, хабар дар шакли мусбат воқеъ мегардад ва ин ҳолат ҳангоми бо ҳоли макону замон омадани вай бештар ба назар мерасад:

Тағофул на дар ҳама ҷо ва на ҳамеша судманд аст (Р. Ҷалил, Маъвои дил).

Азбаски ҳиссачаҳои инкории на ва не муродифи ҳамдигар буда, дар бисёр мавридҳо якдигарро иваз карда метавонанд, дар як ҷумлаи содда ба таври мувозӣ омадани онҳо низ мумкин

пешина
аз 312
навбатӣ