Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дар Панҷу Қумсангиру Ёвон ҳам замин кам не («Садои Шарқ»). Водии Вахш калон, аммо беҳудуд не («Садои Шарқ»). Кай рафтанаш маълум нест (Ф. Муҳаммадиев, Одамони кӯҳна). Дили ман ҳам санг нест (С. Улуғзода, Восеъ).

Ҳангоми ба вазифаи хабар омадани шаклҳои ғайритасрифии феъл низ шакли инкории онҳо ба воситаи нест ва ё не сурат мегирад:

Мӯйсафед аз қасди худ даст кашиданӣ нест (Ф. Муҳаммадиев, Одамони кӯҳна). Он кас ба он тараф рафтагӣ не (Р. Ҷалил, Маъвои дил).

Дар ҷумлаҳои чидааъзо як қолиби маъмул аст, ки аъзои чидаи якум одатан дар шакли инкор омада, ногузирии пайвандаки балки ва дар шакли тасдиқ омадани хабари дуюмро тақозо мекунад. Дар ин гуна ҷумлаҳо ҳиссачаҳои инкорӣ фақат аз рӯи тартиби ҷой гирифтанашон тафовут доранд. Шакли маъмули ин гуна ҷумлаҳо чунин аст: ҳиссачаи инкории на пеш ва не пас аз аъзои чидаи якум воқеъ мегардад ва пайвандаки балки дар байни аъзоҳои чида омада, онҳоро ба ҳам муқобил мегузорад:

...лекин на ба тарзи ҳазлу шӯхӣ, балки ба тарзи ҷиддӣ ва қатъӣ тақлид кардааст (С. Айнӣ, Кӯллиёт). Аҳмад-махдум ба нуҷум дар аввали кораш на ба сифати астроном, балки ба сифати астролог машғул шуда будааст (С. Айнӣ, Кӯллиёт). ...дар паси ин бозии чашму дастон дилсӯзӣ не, балки ҳасад ниҳон аст... (У. Кӯҳзод, Қиссаи Ҳумор). Ва дар он вақт шумо каналро танҳо не, балки бо ҳамроҳии колхозҳои дигар мекобед, бо даст не, балки бо экскаватор (С. Улуғзода, Навобод).

Дар ин қолиб бе пайвандак омадани аъзоҳои чидаи хилофӣ низ мушоҳида мешавад:

Ман на ба нури хираи тиреза, бештар ба ҳамин сояи наҳифи гули айвон чашм дӯхта будам (Р. Ҳодизода, Сапедадам). Тӯйдорон туро барои ман не, барои бефаровезии даҳонат ба тӯяшон хабар надоданд (У. Кӯҳзод, Қини Ҳумор). ...ӯ дилдори худро беандоза пазмон шуда буд. Ончунон пазмон шуда буд, ки як рӯз не, як соат қафо мондан ҳам гаронӣ мекард (Ю. Акобиров, Баъде ки осиё бозмонд). Айб ба ту не, ба домуллот, ба халифаат аст (С. С. Айнӣ, Осори баргузида).

Баъзан дар байни аъзоҳои чидаи хилофӣ калимаҳои дигар омада, моҳияти асосии онҳоро қувват медиҳанд:

... ҳунарнамоии футболбозон бадтар шуда истодааст, ки беҳтар не («Тоҷикистони советӣ»). Аслан аз даст доданам беақлӣ не, баръакс рафтори олиҷаноб буд... («Садои Шарқ»).

Ҳиссачаи инкории на бештар ба тарзи такрор меояд. Такрори ин ҳиссача бо аъзоҳои чидаи ҷумла воқеъ мегардад. Ҳангоми чида шудани аъзоҳои ҷумла бо ҳиссачаи на хабари ҷумлаи содда дар ду шакл: тасдиқ ва инкор меояд. Агар хабари ҷумла чида шавад, ҳиссачаи инкорӣ пеш аз хабарҳо (агар хабар тафсили бошад, пеш аз аъзоҳои тобеи хабар) омада, маънои

пешина
аз 312
навбатӣ