Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
хосияти маҳдудкунӣ ва муқобилгузории ин ҳиссаҷа равшан мегардад. Хабари ин гуна ҷумлаҳои инкорӣ дар шакли тасдиқ, яъне ғайриинкор меояд:
— Дуруст гуфтед, дар хазинаи китоби мо баробари дурру гавҳар сангу сафол ҳам ҳаст. Лекин ҳозир на ҳама фарқ мекунад (Р. Ҷалил, Маъвои дил). Лекин онро на дар ҳама ҷо ба ҳисоб мегирифт (Р. Ҷалил, Маъвои дил). Охир тарбия намудани одамон кори ҳазл нест ва на ҳар кас ба ин кор қобилият дорад (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб).
Бипазад з-оташи ишқаш на ҳама ошиқи хом,
На ҳама марди харидор сазовори зан аст.
(Лоиқ)
Ҳангоми муқобилгузорӣ ҳиссаҷаи на бо аъзои чидаи аввал не, балки бо аъзои чидаи дуюм меояд. Дар ин гуна ҷумлаҳои чидааъзо хабар дар шакли тасдиқ пеш аз аъзои муқобилистода ҷой мегирад, ки ба ҳар ду аъзои чида баробар мансуб аст:
Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол,
Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол (зарб).
Дастони кушташавандагонро ба пеш мебанданд, на ба пушт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дӯсти ҷонӣ бош, на дӯсти нонӣ! («Садои Шарқ»). Онҳоро вай дар аввал фақат барои обшӯй кардани замини нав оварда буд, на барои пахтакорӣ (Ю. Акобиров, Водии муҳаббат). Ҳиссаҷаи на (не) дар таркиби хабар ҳамчун калимаи ёридиҳанда низ истифода шуда, бо ёридиҳандаи нест муродиф ва ҳамвазифа мегардад.
— Баҳор, боз омадӣ? Биё! Марҳабо! Биё, ман акнун душмани ту наям (Ҳ. Карим, Ҳикояҳо).
Ман шоири навҷавону маддоҳ наям,
Монанди рақиб зишту бадхоҳ наям!
Ҷонона, қасам бар ту, нахоҳӣ дарёфт,
Чуз дар раҳи рост, дар дигар роҳ наям.
(Ҳ. Юсуфӣ)
На шӯрӣ, бенамак ҳам нестӣ ту,
На раҳҷӯӣ, най ҳам марди гумроҳ.
(Лоиқ)
...одами дӯстдоратро фаромӯш кардан хуб нест (Ҳ. Назаров, Мирзо Ризо).
Агар хабарҳои номӣ замони ҳозираро фаҳмонанд, шакли инкории онҳо ба воситаи ҳиссаҷаи инкории не ва феъли ёридиҳандаи нест сурат мегирад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё