Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

МУБТАДО

Мубтадо сараъзои ҷумла буда, предметеро, ки дар ҷумла сухан дар бораи он меравад, ифода мекунад.

Мубтадо ба воситаи исм, ҷонишин, мафҳумҳои предметонидашуда (сифат, шумора, сифати феълӣ, масдар, ҳиссаҳои дигари нутқ) ва ибораҳо ифода меёбад.

Ифодаи мубтадо ба воситаи исм. Ҳамаи хелҳои исм дар ҷумла ба вазифаи мубтадо омада метавонанд.

а) Исми хос: Қодиров Назаровро сахт ба оғӯш гирифта бӯсид (Р. Ҷалил, Шӯроб). Ҳоҷиумар нӯги ришашро ба миёни ангуштонаш гирифта, ба Юнусбой нигоҳ кард (С. Улуғзода, Навобод). Акбар ба муроди худ расид (Р. Ҷалил, Шӯроб). Абуалӣ аз ёд мехонад (С. Улуғзода, Ибни Сино).

б) Исми ҷинс: Ҳаммомчӣ аз паси вай давида рафтани мешавад (С. Улуғзода, Ибни Сино). Ҳавлӣ се хонаю як ошхона ва саҳни хурде дошт (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Телефон дуру дароз ҷирингос зад (Р. Ҷалил, Шӯроб). Маҷлис қариб ду-се соат давом кард (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Варақа бо ҳамин китоб сар мешуд (С. Улуғзода, Диёри Навобод). Модар як бӯсаро аз рӯи духтар ва дигараро аз рӯи писар мегирифт (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот).

в) Исми ҷомеъ: Мардум рост хеста ба боғ даромаданд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Большевик омаду хитоб намуд,
Халқи афтода тарки хоб намуд.

(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Даста ба тарафи дигар нигоҳ карда ба роҳ даромад (С. Айнӣ, Куллиёт). Тӯда аз ҷунбиш бозистод (С. Айнӣ, Куллиёт). Омадагонро дида мардум хомӯш монданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Сифатҳо мафҳуми предметӣ пайдо карда, ба вазифаи мубтадо меоянд: Оқил ҷоҳилро мешиносад, лекин ҷоҳил оқилро намешиносад (Фольклор). Бадгуҳар ба кас вафо накунад (Фольклор). Мӯйсафед ҳайрон шуд ва аз ҷояш сар бардошт (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Пир завқиду во намуда лаб:
— Духтарам,— гуфт,— дил — дили Зайнаб.

(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Бемор дасту по мезад, гоҳ-гоҳ чашми худро кушода, ба касони дар он ҷо буда теғ кашида нигоҳ мекард (С. Айнӣ, Куллиёт). Нодон айб мекунад, доно худаш мефаҳмад (С. Улуғзода, Навобод).

Шумораҳо низ мафҳуми предметӣ пайдо карда, бо нумеративҳо

пешина
аз 312
навбатӣ