Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Вақте ки мо қувва меозмудем, Қутбӣ омад, нақле чанд кард баъди бозӣ. Яке аз онҳо ин аст: «Солҳои таҳсил дар Литинститут ман ба хонае рафтам. Бо даъвати зан. Ва ду– се соат айш кардем. Баъд ман аз хона баромадам. Он вақтҳо туфлии пошнабаланди чехӣ мўд буд. Вақти фуромадан аз зина лағжидам ва пошнаи туфлиам канда шуд. ҳайрон мондам: чӣ бояд кард, охир, ба ин аҳвол кўча баромада намешавад? Ин дам бинам марде аз зина боло мебарояд– рус. Аз воқиа огоҳ шудан пас ў гуфт: «Рафтем, ба хонаи мо, ман асбобу анҷом дорам, туфлиатро тармим мекунам». Ноилоҷ аз пасаш рафтам.
Рафтаму қариб ба балое печам. Хайрият, ки сир пўшида монд. Охир, вай маро ба хонае бурд, ки навакак аз он ҷо фаромада будам…»
Қутбӣ аз ин қисса ёдовар шуд дар мавриде, ки сухан ба дўстии халқҳо оид буд.
– Он вақтҳо мардум дигар буданд, – гуфт ў ниҳоят. – ҳамдигарро ҳурмату эҳтиром мекарданд. Ва на фақат дар Маскав. Дар ҳама шаҳрҳои калон иззату ҳурмати якдигар чизи асосӣ буд, мақом дошт, риоя мешуд.
… Дод– е! Мекушад маро ин дандон! Пагоҳ баъди комиссия, ҳатман ба духтур меравам!
Вақте ба идора расидам, соат аз даҳ гузашта буд, ёздаҳ мешуд. Дилбархон аллакай дар кабинет буданд, – чой мондаанд, ҷўшидааст, вале дам накардаанд, яъне Аҳмадшоҳ биёяд, сонӣ дам мекунам.
Инак, ман омадам ва дасту остин барзадам, ки телефони дуюмро низ ба ноқил пайвандам. Чанде пеш як телефони мо вайрон шуда буд, Дилбархон дигарашро оварданд…
Аппарат куҳна будааст, болокори ин носоз. Дар аввал соз намуд, ба назарам. Зеро баъди васли ноқилҳо садо баровард. Ман ба гумоне ки кораш тамом шуд, хотирро ҷамъ карда, ба Союз рафтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё