Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Имрўз, соати 14 бояд аз комиссияи қабул мегузаштем.
Дар Союз маълум гардид, ки комиссия то пешин ҷамъ шудаасту ба ин қарор шудааст: Ин дафъа аз рўи тартиби пештар кор намебаранд, яъне номзадҳо ба узвиятро яктя – якта даъват намуда, баъди дидани ҳуҷҷатҳо ва китобҳояш, инчунин суҳбат кардан бо ў, мегўянд: арзанда аст ё не. Фақат аз ҳамаи 17 нафар тахмин даҳ– ду – воздаҳ нафарро ҷудо карда, қабул мекунанд. Левин қарори комиссияро хонду ба ҳама ҷавоб дод.
– Лекин дур наравед, – таъкид намуд ў. – Рўзҳои наздик президиум барпо мегардад.
– Рўзҳои наздик кай аст?– пурсид Сафар Абдулло.
– То 20– октябр. Мо, албатта, хабарҳоро ба шумо мерасонем. Телефонҳои худро монда равед.
Мо берун баромадем. ҳама– гаранг: ин чӣ гуна комиссия аст? Наход тартиби кор ҳамин хел шавад?
Баъзеҳо зуд аъзои комиссияро суроғ намуданд, то фаҳманд: дар рўйхати ба президиум пешниҳодшуда номашон ҳаст ё не. Аз аъзои президиум Раҳмат Назрӣ ва Меҳмон Бахтӣ дар долон равуо доштанд, вале онҳо ҷавоби аниқ намедоданд, намегуфтанд: кӣ ҳаст, кӣ нест.
Ман ҳам аз Раҳмат Назрӣ пурсидам. Вай гуфт, ки хотири ту ҷамъ бошад, корҳоят нағзанд.
Аз ростӣ, хотири ман чандон парешон набуд, дилам аз оқибати нек гувоҳӣ медод. Бо вуҷуди ин хурсанд шудам ва хостам ба идора баргардам. Вале дар саҳни баромадгоҳ ба Саттор Турсун вохўрдам. Ў гуфт, ки ту ҳоло нарав, гап ҳаст.
Ман бо мошини Амонбек ба идора рафтанӣ будам.
Чун аз ҳазрат инчунин амр шуд, таъхир кардам. Амонбек рафт. Баъди чанд дақиқа ману Саттор низ аз зинаҳо фуромада, озими «таки ҷар» шудем.
– Садтагӣ задан лозим, – гуфт Саттор дар роҳ. – Ман зоҳиран шамол хўрдагӣ барин.
Дар «таки ҷар» гуфтанд, ки аз арақ сад грамм мондаасту коняк бисёр. Арақро Саттор нўшид, ман коняк ошомидам.

пешина
аз 231
навбатӣ