Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ЛАҲЗАҲО

Дандонам дард мекунад. Хоб нест. Хондану навиштан намегузорад. Боз сигарета дармегиронам.
Пагоҳ, яъне 9 – октябр масъалаи қабулро мебинанд дар Союз. Аз комиссия мегузарем. Мегўянд, ки имтиҳони асос ҳамин аст, он тарафаш дупула гап– президиум тасдиқ мекунад, тамом– вассалом. Намедонам, ба ҳар ҳол ман аз ин хусус андеша надорам. ҳоло фикру зикри ман ба дандон– дард мекунад исқотӣ!
Аҷиб, имрўз дандони Сино ҳам дард кардааст. ҳини дарс. Ва аз муаллим ҷавоб пурсида, бармаҳал хона омадааст. Вақте аз кор баргаштам, Сино қиссаи дандонашро ба ман гуфт, – бо табассум. Сирри ин табассум дар хона кушода шуд. Ў ба модараш гуфта будааст: «Дар синф дандонам дард кард, ҷавоб гирифта, аз мактаб баромадам. Вақте аз кўча мегузаштам, дарди дандон монд».
Ман ба Сино гуфтам: «Дандони ман ҳам дард мекунад. Поин фуромада, аз кўча гузарам, шояд дардаш монад?» Вай шарм дошта, ба модараш часпид: «Чаро ҳар гапа ба дадем мезанед?!.»
Ваҳ– ваҳ, аҷиб дарди сахт! Гўё дандонро парма мекунанд.
Саҳар ором буд, баъди пешин нағма баровард. ҳини хўрдани таом. Ба решааш порае нахуд даромаду…Ва инак, чанд соат аст, ки…Наход то саҳар азоб диҳад?. .
Ҳангоми танаффус Ҳайрат ба мусобиқа даъват намуд. Чанд рўз пеш ба вай панҷ даст бой дода будам.
ҳисоб, агар хато накунам, 0, 5 ба 5 буд. Имрўз ҳам хост нашъаи ғалаба чашад. Вале нашуд, бой дод– 3 бор.
Каҳраш омад гўё ва гуфт: «Ин беҳурматист нисбат ба мўйсафедон ва партия! (ў котиби ташкилоти партиявии идора)».

пешина
аз 231
навбатӣ