Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

БИСЁР ХЎРДАЕД

Кадоме гуфт:
– Ин саҳар ман 300 гм арақ хўрдаму як дўлча об.
– Воҳ– воҳ, обро бисёр хўрдаед, ако, – афсўс хўрд Азимҷони Муҳаммадӣ, ки чанд рўз инҷониб дар маҳаллаашон об набуд.

ИҶОЗАТ ДИҲЕД

Дар Кохи Борбад консерти овозхони маҳбуби миллат, ҳунарпешаи мардумии иттиҳоди Шўравӣ
Ҷўрабеки Мурод барпо мегардад. Дар интиҳои консерт яке аз дастандаркорони толор изҳори сипос мекунад, яъне: таронаҳои Ҷўрабек марғубу дилошўб буданд, алахусус ғазалҳое, ки аз эҷодиёти устод Рўдакӣ сароид. Сипас мегўяд:
– Иҷозат диҳед, аз номи Борбад ташаккур гўям!
– Иҷозат диҳед, аз номи Рўдакӣ қабул намоям!– табассум мекунад Ҷўрабек…

ТУ КИСТӢ?

Раҳмат Назрӣ тамокукаши ашадист. Боре кадоме ба ҳуҷраи пурдуди кори ў даромада, чизеро намебинад ва рў ба ҳайкалчаи болои ҷевони китоб мепурсад:
– Ин кист?
– Рўдакӣ!– овоз медиҳад Раҳмат Назрӣ аз паси пардаи дуд.
– Худи ту кистӣ?– донистан мехоҳад соҳиби овоз.
– Ман дудакӣ. – механдад Раҳмат.

пешина
аз 231
навбатӣ