Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Ў аз Одина Мирак, ки бар асари беморӣ беист чашмак мезад, пурсид: сабаби «маргат»– ҳояш чист.
– Бепулӣ, – табассум кард Одина. – Одами бепулро иллат бисёр мешавад.
Лутфи Одина ба устод Лоиқ хуш омад, ки баланд хандид. Сипас ҷузвдонашро ба дасти Фарҳод дода, аз бағалкиса як даста пул баровард.
– Ана, гир!– гуфт ў ба Одина. – Барои саломатӣ нўш!
– Ташаккур! – Одина хандон пулро гирифт.
– Устод, ба Аҳмадшоҳ ҳам диҳед, – хотиррасон намуд Фарҳод.
Ин кас беморанду мебояд барои саломатӣ нўшанд.
– Ҳа, – беихтиёр даст ба бағалкиса бурд устод, вале пул набаровард. Саросема ҷузвдонашро аз дасти Фарҳод гирифта, гуфт:– Рафтем… Вай чӣ хел бемор аст, ки «маргат» намекунад…
ДУРЎF НЕСТ
Боре Шодӣ Ҳаниф изҳор медорад, ки дар бозии шоҳмот хеле моҳир аст.
– Ман ҳатто аз падарам мағлуб нашудаам!– мегўяд ў бо иддао.
Ин худситоӣ устод Лоиқро водор месозад ба қувваозмоӣ.
– Ако, бозиатон кирои таъриф нест– ку?– табассум мекунад устод Лоиқ, вақте ҳариф бори панҷум ҳам заҳри мағлубият мечашад. – Шумо гуфтед, ки ҳатто аз падаратон… Аммо…
– Дар ҳақиқат имрўз суст бозӣ кардам, – иқрор мешавад Шодӣ ҳаниф. – Лекин гапам дурўғ нест. Падарам раҳматӣ шоҳмотбозиро намедонистанд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё