Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Яъне ў то лаҳзаи охирини умр дар хизмати мардум буд.
Кас вақте сабти овози ўро, ки се соат пеш аз маргаш, ки фарзандонаш ба лентаи диктафон навиштаанд, мешунавад, ҳеҷ гумон намекунад, ки ин шахс ҷаҳонро падруд гуфта истодааст.
Ў ғазалхон ин дунёро тарк гуфт. Чӣ марги зебое буд (Агар чунин гуфтан ҷоиз бошад). Бале, ў зебо зисту зебо рафт. Имрўз, ки ў 50– сола аст, аз Худо илтиҷо мекунам, ки ҷояшро ҷаннат муқарар кунад, зеро марде буд, ҷаннатӣ.
Абдумудассир Аҳмадзода, Тоҷикистон, №17 (331), 29 апрели 2004
АДИБЕ, КИ ДЎСТАШ МЕДОШТАНД
Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ аз он нависандагоне буд, ки мавзўи таърифу тавсифи замонаи шўравиро сарфи назар карда, ба ҳаҷв рў овард ва дар умри кўтоҳи худ барои мухлисонаш мероси пурқимате гузошт.
Аҳмадшоҳро ҳангоми дар курси дуюм хонданамон шинохтам. Нигоҳи зиракона ва зарифона дошт. Он чи ки ў медид, мо ҳам медидем, мо гуфта наметавонистем. Чеҳраи босалобат ва ҷиддие дошт. Суханро ҳам бо ҷиддият сар мекард, вале охири он ҳамеша бо ханда анҷом меёфт.
Ман як курсӣ аз ў пеш менишастам. Боре ба синфхона даромада бо ҳама ҳол пурсида, вақте мехостам ба курсӣ шинам, бо симои бисёр ҷиддӣ ба ман гуфт:
– Чаро ба дарс дер омадӣ?!
На танҳо ман, балки ҳамаи шарикдарсон аз ин савол ҳайрон шуда, сўи ў нигаристанд.
Ман саропо оташ гирифтам, ҷанҷўёна тарафаш нигаристам, зеро ҳеҷ дар дил роҳ дода наметавонистам, ки касе маро маломат гўяд.
– Раҳмат!– гуфт ў бо андаке таъхир ва чеҳраи ҷиддияш якбора ба табассуми малеҳ пур гашт. Синфхонаро садои ханда фаро гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё