Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Аҳмадшоҳ дўстдори шеър буд. ҳам адабиёти классикӣ ҳам муосирро хуб медонист. Аз он ки ба ҳар муносибат ба шеър бисёр фаъол буд, ҳама гумон мекардем, ки ў оянда шоир мешавад. Шеър ҳам менавишт ва аз шеърҳояш зарофат меборид.
Аҳмадшоҳ нигоҳи амиқ ва хотираи қавие дошт. Мо бо шуғлҳои ҳаррўзаи худ машғул будем. Аз куҷо медонистем, ки вай баъдҳо лаҳзаҳои ҳаёти моро ба шакли ҳикоятҳои ҳаҷвӣ боз ба худи мо бармегардонад.
Узви Иттифоқи нависандагон Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ ин ҳафта 50 сола мешуд, аммо марги бармаҳал ўро аз мо рабуд. Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ бо ҳикояҳои зарифонаву бо ҳазлҳои намкинаш ва бо табассуми ширинаш дар хотири мо, дўстон ҳамеша боқӣ хоҳад монд.
Убайдуллоҳи Ширин, Садои
Мардум, №52– 53 (1697– 1698)
4 майи соли 2004
НОМАҲОИ ДАРДОЛУД
Калўши куҳнаеро ҷониби узви Иттифоқи нависандагон партофтанд, вале он ба шоир нарасид, аз болои сараш гузашту рафта, ба даҳони марде зад, ки дуртар аз вай чалаб– чалаб (чипек) мехўрд. Маълум шуд, ки ин мард узви Иттифоқи композиторон будааст.
Ба Б. Ф. аз Конибодом ғўлинг фиристоданд. Ин газаки хуб аст, – гуфт. Сипас якбора ҷиддӣ шуда, аз оварандаи ғўлинг хоҳиш намуд сумкаашро дурусттар бинад:
Шояд бо газак арақашро низ фиристода бошанд.
Китоби муаллифе чанд сол инҷониб дар нашриёт хоб
буд. Муаллиф боре чанд банка консерваи гўшт овард ва азбаски онҳоро касе нагирифт, дар нашриёт монда рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё